zoofirma.ru

Дар давоми панҷ моҳи аввали соли 2017 корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба маблағи 1 миллиарду 308 миллиону 922,8 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 132,8 фоизро ташкил дод.

Шумораи умуми кормандон дар шаҳри Гулистон ба 10761 нафар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 627 нафар зиёд мебошад. Музди миёнаи маош дар ҳамаи соҳахои хоҷагии халқи шаҳр 1888 сомониро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 286 сомонӣ зиёд аст.

Дар панҷмоҳаи аввали соли равон аз ҷониби корхонаву муасссисаҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ 640 ҷои нави корӣ ба корҷўён пешниҳод карда шуд.