zoofirma.ru

Дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар китобхонаи марказӣ якҷоя бо комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кўдаки назди МИҲД-и шаҳр бо иштироки котиби масъули комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кўдак Д.Шокирова ва ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ МТМУ-и №14 М.Акрамова ва ноболиғони душвортарбияе, ки дар қайди ШВКД меистанд мизи мудаввар таҳти унвони «Насиҳат гўш кун ҷоно…» гузаронида шуд.

Директори китобхонаи системаи марказонидашуда Б.Мирзоева ва Д.Шокирова суханронӣ намуда, ба ноболиғон маслиҳатҳои муфид дода, онҳоро ба китобхонӣ даъват намуданд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки кормандони китобхона барои онҳо намоиши китобӣ ва рўйхати тавсиявӣ омода намудаанд.

Кормандони китобхона З.Ҷўраева ва Ш.Султоналиева оид ба ҳифзи ҳуқуқи кўдак маълумот дода, панду андарзҳои шоирони классикро қироат намуданд.

Дар охир хонандагон аз намоиши китобӣ дидан намуда, ваъда доданд, ки ба китобхона аъзо шуда, аз китобҳо истифода мебаранд ва илм меомўзанд.