zoofirma.ru

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси машваратӣ таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода баргузор гардид.

Дар машварат масъалаҳои баргузории чорабинии идона бахшида ба бистумин солгарди баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, корхонаҳое, ки фаъолиятро қатъ кардаанд, танзими кўчаҳои Мирзо Турсунзода ва Дўстии халқҳо, ободонии соҳили Баҳри тоҷик ва тозагии он ва ободонии қабристону таваҷҷуҳ ба он мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар машварат мудирон, сарварони шуъбаву бахшҳои МИҲД, роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳр, сохторҳои дахлдор, мақомоти андоз ва раёсати молия ширкат варзиданд.

Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода машваратро ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки бояд чорабинии идона бахшида ба Ваҳдати миллӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир карда шавад. Масъалаи корхонаҳое, ки қатъи фаъолият намудаанд дар наздиктарин фурсат мавриди баррасӣ қарор гирифта, номи онҳо аз феҳрасти коргоҳҳо берун карда шавад. Ҳамчунин тазаккур дода шуд, ки баъзе сокинони кўчаҳои Мирзо Турсунзода ва Дўстии халқҳо бар хилофи фарҳанги шаҳрнишинӣ атрофи хонаи худро тунукапеч намудаанд, ки ин симои шаҳрро халалдор месозад. Вазъияти қабристони шаҳр нигаронкунанда буда, харобазори фаромўшшударо ба хотир меорад ва вақти он расидааст, ки ба масъалаи ободу тоза намудани он диққати махсус дода шавад.

Дар фарҷоми машварат Раиси шаҳр ба масъулин як қатор дастуру супоришҳо дода, аз ҳамагон талаб ба амал овард, ки нисбати муаммоҳои ҷойдошта бетараф набошанд ва сари вақт онҳоро пайгирӣ намоянд.