zoofirma.ru

Гурӯҳи корӣ дар ҳайати Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода, муовини вазири маориф ва илм Бозоралӣ Одиназода, раиси КИ ҲХДТ Муслима Ҷамолиён, ки барои таблиғи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон ба шаҳри Гулистон ташриф оварда буданд, дар толори ҷамоати шаҳраки Сирдарё бо мардум вохӯрӣ доир намуд. Ҷаласаро Раиси шаҳр ҳусни оғоз бахшида, перомуни Ваҳдати миллӣ ва сулҳофаринии миллати тоҷик суханронӣ намуд.

Бозоралӣ Одиназода дар бораи Соли ҷавонон сухан гуфта, таъкид сохт, ки ин ташаббуси Пешвои миллат боварии эшонро ба насли ояндасоз нишон медиҳад. Муслима Ҷамолиён доир ба хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуда, зикр сохт, ки хизматҳои шоистаи ин фарзонафарзанди миллат буд, ки мо имрӯз дар фазои осоишта бо хотири ҷамъу дили беғам фаъолият намуда истодаем. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ тазаккур ёфт, ки ҳадаф аз вохӯрии мазкур ба мардум бозгӯ намудани фалсафаи ваҳдат ва ҳар чи бештар қадршиносии он мебошад.