zoofirma.ru

Гулистониёни арҷманд!

Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо имкон дод, ки озодона ҷашну суннатҳои мардумӣ ва мазҳабии худро таҷлил ва пос дорем. Соли ҷорӣ моҳи шарифи Рамазон дар марҳилае қадами мубораки худро ба диёри мо гузошт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни бузурги таърихӣ – 20-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллиро бо шукўҳу шаҳомат таҷлил менамояд. Ин рўйдоди азим дар ҳаёти кишвари озод мо бори дигар шаҳодат бар он менамояд, ки бо саъю кўшишҳои пайгирона ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии мо бо кулли мамолики ҷаҳон таҳкими бештар меёбанд.

Итминон дорам, ки он ҳама сабақу илҳоме, ки ба ҳар яки мо моҳи шарифи Рамазон дар давоми як моҳ талқину ҳидоят намуд, минбаъд барои дучанд боло рафтани самара ва маҳсулнокии фаъолияти меҳнати бунёдкоронаи мо мусоидат хоҳанд намуд. Ватанпарварӣ ва ҳисси худшиносии мо афзун гардида, барои зиндагии осудаву хуррам ва шоиставу арзанда боз як қадами муҳим мегардад.

Бузургони мо фармудаанд, ки савоби навозиши дилшикастагон беназир буда, аз фазилати ҳаҷи акбар ҳам зиёдтар аст. Ба эҳтиёҷмандону дармондагон додани фитри Рўза низ савоби зиёд дорад.

Ба ҳукми анъана даромадааст, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар арафаи идҳои суннатӣ корхонаву ташкилот ва муассисаҳои шаҳру шаҳракҳо, вакилони халқ, сохторҳои тиҷоратӣ ба оилаҳои камбизоат, беморону барҷомондагон, ятимону пирони танҳо кумак мерасонанд. Ин хайру саховат ва меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон, маҷрўҳону пирони танҳо, ки дар рўзҳои ид чашми умед сўи мову шумо дўхтаанд, қарзи инсонӣ ва исломии ҳар фарди худоҷўй ва инсондўст мебошад.

Бо арзи эҳтироми самимӣ ба муносибати Иди саиди Фитр тамоми сокинони шаҳру шаҳракҳои Гулистонро муборакбод менамоям. Бароятон хонаободӣ, сиҳатмандиву осоиш, хушбахтиву баракоти рўзгор, имону инсоф ва ҳисси баланди ватандўстӣ ва комёбиҳои тоза ба тоза таманно менамоям.

Иди саиди Рамазон муборак бошад, дўстони азиз!