zoofirma.ru

Ҳамшаҳриёни азиз!

Расидан ба сулҳ ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии мо мебошад. Дар бораи аҳамияти ин падида Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр дақиқ иброз доштанд, ки Созишномаи сулҳ бо арзиши бузурги худ бо Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Раванди сулҳофарӣ дар кишвар ва 20 соли татбиқи бомуваффақияти андешаи Ваҳдати миллӣ нишон медиҳад, ки дар расидан ба сулҳ ва рушди босуботи кишвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши марказӣ ва таъйинкунанда доранд.

Тамоми дастовардҳое, ки мардуми ҷумҳурӣ дар марҳилаи ҳозира бо эҳсоси гарми ватандўстиву ватанпарастӣ ва хештаншиносиву ифтихори миллӣ, созандагиву ободкориро ҳадафи муқаддаси худ қарор додааст, аз мавҷудияти суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва Ваҳдати миллӣ вобаста мебошанд, зеро ваҳдату субот роҳи ягона ва шарти ҳатмии рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, таъмини зиндагии шоиста ва ободонии кишвар мебошанд.

Бист сол муқаддам, 27-уми июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рўйдоди муҳими тақдирсози миллату давлат ба вуқўъ пайваста, имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ин рўзи муборак рост омад, ки он дар натиҷаи талошҳои пайгиронаи роҳбари муаззами мо амалӣ гардид. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон на танҳо аҳамияти дохилимиллӣ, балки арзиши бузурги байналмилалӣ низ дорад.

Ҳодисаҳои мураккаби дунёи муосир гувоҳи равшани онанд, ки зиддиятҳои қудратҳои ҷаҳонӣ торафт авҷ гирифта, зуҳуроти даҳшатангези терроризм ва экстремизми диниву сиёсӣ беш аз пеш вусъат меёбанд. Ҳамзамон, дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ Ваҳдати миллӣ бо баъзе таҳдидҳои наве рў ба рў гаштааст, ки моҳияти иттилоотӣ ва шабакавӣ доранд. Бинобар ин, мувофиқи мақсад аст, ки роҳҳои иттилоотӣ ва муосири ҳифзи Ваҳдати миллӣ низ истифода шаванд. Ваҳдати миллии комил ҳамон вақт ҷомаи амал мепўшад, ки мо корҳои оғозкардаи худро бо заҳмати шабонарўзии аҳлона, софдилона ва содиқона ба анҷом расонем.

Шукр мегўем ва шукрона аз он дорем, ки Ваҳдат насибамон гашт. Бале, тамоми ҳадафҳои мо вобаста ба ободонии Ватан танҳо дар сурати Ваҳдати воқеӣ ва сулҳу суботи устувор амалӣ мегарданд. Алҳол дар қаламрави шаҳри Гулистон ва шаҳракҳои он 104 ташкилоту бахшҳои ибтидоии Шўрои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон фаъолият доранд. Шумораи умумии аъзо зиёда аз 9 ҳазор нафар мебошад. Ҷолиби зикр аст, ки дар сафи мо шахсони барўманду пешқадамони истеҳсолот, зиёиёну коргарони қаторӣ ва ҷавонони лаёқатманд шомил ҳастанд.

Дар партави сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун дар тамоми гўшаву канори мамлакат имрўзҳо дар қаламрави шаҳри мо низ корҳои бунёдкоронаву созандагӣ баҳри беҳдошти вазъи зиндагии мардум, пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқ корҳои зиёд амалӣ карда мешаванд. Боиси сарбаландист, ки кулли сокинони Гулистон низ дар ин маъракаҳо якдилу якҷон иштироки фаъолона доранд. Имрўз симои маркази шаҳр тарҳи нав ва замонавӣ мегирад. Ба шарофати Ваҳдати миллӣ, ки шаҳри мо яке аз нишонаҳои барҷастаи он ҳамчун шаҳри Дўстии халқҳо маъруф аст, дар ҷодаи таҳкими Ваҳдату Истиқлолияти Ватани азиз устуворона ва собит қадам мезанад.

Бале, 27-уми июн, бешубҳа, дар таърихи мамлакати мо ҳамчун санае сабт гардидааст, ки фоҷиаҳои аз сар гузаронидаи мо, зарурати ҳамеша ҳифз намудани сулҳу осоиш ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти мамлакатро абадӣ хотиррасон месозад. Барои ин ҳар яки мову шумо бояд ҳамчун ватандору ватандўст дар замири худ эҳсоси наҷиби Ваҳдатро парвариш ва барои таҳкими он ҳамчун арзиши нодир ва азизи миллӣ кўшишу талош намоем. Дар охир мехостам, аз фурсат истифода бурда, ҳамаи Шумо ва кулли мардуми шарафманди гулистониро бо фарорасии Рўзи Ваҳдат таҳният намоям. Бигузор ваҳдати тоҷикон, ки имрўз таҳкиму тақвият ёфтааст, пойдору устувор ва ҷовидонӣ бошад!