zoofirma.ru

Дар толори хурди  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум баргузор шуд.

Дар кори иҷлосия аз 35 вакил 30 нафар иштирок намуданд. Ҳамчунин сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, сохторҳои шаҳрӣ, шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва дигар шахсони дахлдор ширкат варзиданд.

Нахуст вакилон ҳайати котиботро иборат аз 2 нафар интихоб намуда, сипас масъалаҳои баррасишавандаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Рӯзномаи Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум аз 7 масъала – ҳисоботи Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои интихобот дар ҳавзаҳои интихоботии “Ваҳдат”, № 10 ва “Восифӣ”, № 31 ба ҷойи вакилони хориҷшуда, оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2009, № 602 «Дар бораи Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» дар шаҳр, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Камоли Хуҷандӣ» №16 оид ба иҷрои ваколатҳои вакилӣ, тасдиқ намудани қарорҳои дахлдори Раиси шаҳр, дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр № 27 аз 25-уми июни соли 2015, дар бораи ташкили Фонди ободонии маҳал ва рушди иҷтимоии шаҳри Гулистон тасдиқ ва мавриди баррасӣ қарор дода шуда, доир ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар кори иҷлосия муовири Раиси вилояти Суғд Ориф Хоҷазода иштирок ва суханронӣ намуд.

Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум бо садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Гулистон