zoofirma.ru

Дар асоси нақша вохўрии Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода бо сокинони маҳаллаи Гулистон доир гардид.

Дар оғози вохўрӣ Раиси шаҳр аз баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат бахшида ба даҳсолагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ёдовар шуда, таъкид дошт, ки пас аз ба тасвиб расидани он зиндагии мардум рў ба беҳбудӣ ниҳод.

Ҳамчунин дар бораи одоби шаҳрнишинӣ ва маданияти шаҳрдорӣ суханронӣ намуда, тазаккур дод, ки дар чанд соли охир бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар ҳудуди шаҳри Гулистон як қатор  корҳои созандагиву ободонӣ ба субут расонида шуданд. Аз ҷумла, кўчаҳои марказии шаҳр таҷдид гардида, пурра чароғон карда шуданд. Бо маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ чандин иншооти соҳаи маориф, фарҳанг ва тандурустии шаҳр таҷдиду азнавсозӣ шуданд. Дар давоми солҳои охир дар ҳудуди шаҳр майдончаҳои варзишии нав ва боғҳои фарҳангиву фароғатӣ бунёду таҷдид гардиданд. Раиси шаҳр дар ҷараёни вохўрӣ иброз дошт, ки мо метавонем сатҳу сифати зиндагии хешро аз ин ҳам беҳтар намоем, зеро имкониятҳо барои ин мавҷуд мебошанд.

Бояд зикр намуд, ки дар ин вохўрӣ мудирони шуъбаву бахшҳо ва идораҳои дахлдор низ ширкат доштанд. Ҳадафи асосии ин вохўриро Раиси шаҳр аз наздик ошно шудан ба мушкилоти ҷойдошата арзёбӣ намуд. Ба саволҳое, ки аз ҷониби сокинон перомуни масъалаи обу ташноб ва муаммои марбут ба онҳо пешниҳод гардид Раиси шаҳр мушаххас посух дод. Ғайр аз ин, тазаккур ёфт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатӣ барои навсозии лўлаҳои оби нўшокӣ ва мумфарш намудани кўчаҳои асосии ҳудуди маҳаллаи Гулистон маблағгузорӣ хоҳад кард. Бояд аҳолии маҳал низ дар ин кори хайре, ки ба нафъи онҳост, бетараф набошад ва аз рўйи имконият ҳиссагузорӣ намоянд. Дар поёни вохўрӣ Раиси шаҳр супориш дод, ки барои муайян намудани маблағи зарурӣ ва истифодаи он як комиссия ташкил карда шавад. Комиссия дар кутоҳтарин муддат масъаларо матраҳ намуда, хулосаи худро ба масъулин пешниҳод намояд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳр