zoofirma.ru

Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ чорабинии фарҳангии «Шоми ҷавонӣ» бо иштироки санъаткорони бахши фарҳанги шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Ба сокинон ва меҳмонони маркази вилоят барномаи марғуби консертӣ манзур гардида, ба ҳозирин суруду таронаҳои санъаткорони шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» дар васфи Истиқлолият, Ватан, Ваҳдат, Модар, ҷавонӣ ва амсоли ин хеле писанд омад.

Ҳозирин ба маҳорат ва истеъдоди ҳунамардони ҷавон Шораҷаб Эркаев, Даврон Абдуллоев, Исмат Ҷабборов, Шоҳрух Шамсиев, Фарҳод Одиев, Ҳилолиддин Нурзод, Фаридун Юлдошев, гурӯҳи рақсии «Суғдиён» пурмавҷ кафкӯбӣ намуданд.