zoofirma.ru

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 ва тибқи нақшаи ҷадвали МИҲД-и вилояти Суғд аз 6-уми июл нишасти матбуотии раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотии Раиси шаҳр намояндагони васоити ахбори омма, аз ҷумла рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Халқ овози», «Минбари халқ», «Азия-плюс», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати», «Шуълаи умед», «Саломат бошед», «Ризқофарин», маҷаллаҳои «Кайҳон», «Ноҳид», радиои Тоҷикистон, телевизиони вилояти Суғд, телевизиони «Диёр», телевизиони «Ҳафт ситора», радиоҳои «Тоҷикистон» «Замон», «Озодӣ», рӯзномаи шаҳрии «Соҳил» иштирок намуданд.

Дар ибтидо Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода доир ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми шаш моҳи соли 2017-ум иттилоъ дода, зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр фаъолияти бомаром дошта, дар натиҷаи меҳнати суботкорона дар тамоми ҷодаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла, корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар шашмоҳаи аввали соли 2017 ба маблағи 1 миллиарду 583,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 102,4% то ба 640,0% барзиёд таъмин намуданд. Дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли барзиёди маҳсулот аз рӯйи 84 намуди аслӣ ба роҳ монда шуда, вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 36,8 фоизро ташкил дод. Корхонаҳои шаҳр бо 21 кишвари ҷаҳон алоқаи тиҷоратӣ ба роҳ монда, гардиши савдои хориҷӣ дар маҷмӯъ 217,6 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ба кишварҳои хориҷа ба маблағи 165,1 миллион доллар, воридот бошад 54 миллион доллар буда, фарқияти содирот аз воридот дар ин давра 3,1 маротиба зиёд шудааст.

Ҳамчунин, Раиси шаҳр роҷеъ ба корҳои сохтмон, ободонӣ, вазъи роҳҳо, чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ, кумакҳои иҷтимоӣ, вазъи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кор бо ҷавонон, рушди туризм, баррасии муроҷиати шаҳрвандон ва амсоли ин иттилоот дод.

Сипас Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ба саволҳои сершумори намояндагони ВАО посух дод. Рӯзноманигорон доир ба робитаҳои берунмарзии иқтисодии корхонаҳои саноатӣ, фаъолияти маҷлиси вакилони халқи шаҳр, раванди иҷрои буҷет, тартиби додани унвони шаҳрванди фахрӣ, нақши бонувон ва ҷавонон дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, вазъи ҷинояткорӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фаъолияти корхонаҳои ҶШСК “Адрасмон” ва ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”, таъминоти мутахассисон дар соҳаи тандурустӣ, фаъолияти ситоди ҳолатҳои фавқулода, вазъи экологии марбут ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, раванди омодагӣ ба мавсими зимистон, вазъи роҳҳо, соҳаи сайёҳӣ ва ғайра посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.