zoofirma.ru

Тибқи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода зимни боздид аз шаҳраки Адрасмон роҷеъ ба вусъати корҳои созандагӣ дар ҳудуди шаҳрак ва деҳоти тобеи он, ҷамоати шаҳрак барои ободони шаҳраки кўҳканон тадбиру чораҳои мушаххас амалӣ мегарданд.

Дар деҳаи Зарчашма бо дастгирӣ ва маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ ва ашхоси саховатманд дар муҳлати кутоҳтарин ду купрўки нав сохта ба истифода дода шуда, корҳои зиёди соҳилмустаҳкамкунӣ дар ин деҳа ба анҷом расонида шуданд. Акнун мушкили деҳотиён дар равуо байни ду соҳили рўди Зарчашма осон гардид.