zoofirma.ru

Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода ва бо дарназардошти аҳамияти Даҳсолаи амалиёти об барои рушди устувор ва соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ аз ҷониби масъулини Корхонаи давлатии бисёрсоҳагии манзилию рифоҳии ҷамоати шаҳраки Сирдарё як қатор корҳои ободонию азнавсозӣ дар шаҳрак ба анҷом расонида мешаванд.

Аз ҷумла, дар кӯчаи Имомалиеви ҳудуди шаҳрак 280 метр лӯлаҳои обгузар иваз гардида, пас аз анҷоми ин корҳо сатҳу сифати обтаъминкунӣ ба аҳолӣ беҳтар мегардад. Чунонки аз гуфтаи масъулини корхонаи мазкур бармеояд, онҳо нақша доранд ба навбат лӯлаҳои обгузари ҳудуди шаҳракро тармиму азнавсозӣ намуда, сифати хизматрасонӣ дар масълаи таъмин намудан бо оби нӯшокӣ ба аҳолиро беҳтар намоянд.