zoofirma.ru

Дар толори ҷамоати шаҳраки Сирдарё ба ифтихори 26-умин солагрди Истиқлолияти давлатӣ таҳти унвони «Дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ» мулоқот бо бонувони фаъол ва ҷавонон доир гардид.

Дар мулоқот раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ғайбуллозода, раиси ҷамоати Сирдарё Дилдора Содиқӣ ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони кумиҷроияи шаҳрии ҳизб суханронӣ намуда, доир ба дастовардҳо ва рушди бомайлони соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва шаҳр дар замони истиқлолият ҳарф заданд.