zoofirma.ru

Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзӯи «Неъмате хуштар аз истиқлол нест» дар 40 корхонаву муассиса, идораву ташкилотҳои ҳудуди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо бо намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва иштироки васеи ҷомеаҳои меҳнатӣ хониши сиёсӣ ба роҳ монда шуд.

Дар хониши сиёсӣ тарғиботчиёни маҳаллӣ ва аъзои Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон иштирок намуда, роҷеъ ба аҳамияти Истиқлолияти давлатӣ, соҳибистиқлоливу соҳибватанӣ, бунёди давлатдории миллӣ ва дастовардҳову муваффақиятҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият, доир ба талошу муборизаҳои фарзандони халқи тоҷик дар ҷодаи ба даст овардани он, талошҳои давлату Ҳукумат дар беҳбудии шароити зиндагии сокинони кишвар, шинохти соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, омодагиҳо барои бошукӯҳ таҷлил намудани 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ, доир ба ҳифзи истиқлолият, бедориву ҳушёрии сиёсӣ, ватандӯсту ватандор будан, содиқонаву софдилона барои ободии Ватан хизмат намудан суханрониҳо намуданд.