zoofirma.ru

Дар Кохи Истиқлол бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода машварати августии омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф сурат гирифт.

Раиси шаҳр доир ба дастовардҳои кормандони соҳаи маориф суханронии муфассал намуда, таъкид дошт, ки дастпарварони макотиби шаҳри Гулистон ҳамасола дар миқёси вилоят ва ҷумҳурӣ бо гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор мегарданд. Ҳамчунин тазаккур дод, ки дар баробари муваффақиятҳо баъзе камбудиву норасоиҳо ба назар мерасанд, ки бартараф намудани онҳо вазифаи ҷонии кормандон ва масъулини соҳаи маориф ба шумор меравад.

Сипас мудири шуъбаи маорифи шаҳр Мирҷумъа Бобозода дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ислоҳоти соҳаи маорифи кишвар», директори муассисаи таълимии №3 Мунаввара Абидова ва омӯзгори фанни математикаи гимназияи № 1 Раҳима Норматова дар мавзӯъҳои “Гузариш ба низоми таълими салоҳиятнокӣ”, “Истифодаи воситаҳои техникии муосири таълим дар дарсҳои математика” маърӯза намуданд.

Дар поёни қисмати расмии чорабинӣ ба собиқадорони соҳа, фаъолон ва мутахассисони ҷавон Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Раёсати маорифи вилояти Суғд, шуъбаи маорифи шаҳр ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Дар қисми дувуми чорабинӣ аз ҷониби кормандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барномаи марғуби фарҳангиву адабӣ ба намоиш гузошта шуда, хотири ҳозиринро болида намуданд.

Дар ҷаласаи машварати августӣ намояндаи Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Набиҷон Раҳмонов иштирок ва суханронӣ намуд.