zoofirma.ru

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб бо иштироки Раиси шаҳр ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.

Раиси шаҳр Сатториён Матлубахон Амонзода дар баромади табрикии худ зикр намуд, ки тандурустӣ ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати кишвар ва бевосита Сарвари давлат мебошад.

Имрӯз дар мамлакат қариб бист Барномаҳои давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ дар амал татбиқ мегарданд. Аз ҷумла, мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба соҳаи тиб, ки сиҳатии мардум ба он иртибот дорад, таваҷҷуҳ намуда, ҳамасола маблағгузориро ба ин соҳа бештар намуда истодааст.

Зикр намудан бамаврид аст, ки бо вуҷуди шиддат гирифтани буҳрони иқтисодӣ аз соли 2010 инҷониб маблағгузорӣ ба соҳаи тиб ҳар сол беш аз ҳафтод дарсад афзун гардида, дар соли 2017 аз буҷаи давлатӣ барои соҳаи тандурустии шаҳри Гулистон беш аз 9 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.

Дар интиҳои ҷаласа фаъолон ва собиқадорони соҳаи тиб ба Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.