zoofirma.ru

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Рўзи 1-уми сентябр дар саросари кишвари соҳибистиқлоламон иди саиди Қурбон таҷлил мегардад. Ба муносибати ин иди суннатӣ ҳамагонро самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар фарди Ватан оромиву осоиш, рўзгори обод ва файзу баракат орзу менамоям.

Тавассути сиёсати оқилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи шарифи кишвар дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ноил гашта, рўҳияи созандагӣ ва бунёдкории мардум ҳамарўза вусъат гирифта, боварии мардум ба фардои неку дурахшон қавию устувор мегардад.

Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва фазои орому осудаи кишварамон мардуми мо маросиму суннатҳои диниву мазҳабии худро озодона иҷро мекунанд. Ҷавҳари асосии иди Қурбонро талқини арзишҳои инсонӣ, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу табор, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру эҳсон ба ятимону маъюбон, дармондагону ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат ташкил медиҳанд.

Имрўз сокинони кишварамон бо шукргузорӣ аз даврони истиқлолият ва аз баракати сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ дар баробари заҳмати созандаву ободгарона, ба анҷом додани амалҳои хайр эътибори бештар медиҳанд ва бо ин иқдоми худ соҳиби савоби зиёд мегарданд. Воқеан, дини мубини ислом сарчашмаи адаб, махзани бузурги панду насиҳат ва тарғиби некиву накўкорист.

Бо истифодаи анъанаҳои ниёгон корҳои ободониву хуррамнамоиро боз ҳам вусъат дода, барои рушду нумўи Ватани азизамон меҳнати арзанда намоем. Дар ин раванд, мо бояд тамоми қувваю қудрат ва маҳорати худро ба созандагию бунёдкорӣ, таҳкими Истиқлолияту давлатдории миллӣ равона намуда, насли наврасро дар рўҳияи дўстию бародарӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандўстӣ, омўхтани илму фарҳанг ва хислатҳои наҷибу ҳамидаи инсонӣ тарбия кунем. Ин вазифаи ҳам ахлоқӣ, ҳам маънавӣ ва ҳам фарҳангии ҳар фарди ҷамъият мебошад.

Боварӣ дорам, ки мардуми меҳнатқарини Гулистон ва дар навбати аввал ҷавонони мо бо пайравӣ аз анъанаҳои неки ниёгонамон ҳарчи бештар ба омўзиши илму маърифат ва аз худ кардани касбу ҳунар рў оварда, дар ободии имрўзу ояндаи Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон ва таҳкими мақому обрўи он саҳми арзандаи худро мегузоранд. Ҳар кадоми мо вазифадорем, ки бо дилу нияти нек ва умеди қавӣ ба фардои осудаи халқу давлатамон дучанд заҳмат кашем.

Иди саиди Қурбон муборак!