zoofirma.ru

Муҳтарам омўзгорон!

Хонандагони азиз!

Бо камоли эҳтиром Шумоёнро бо фарорасии соли нави таҳсил - Рўзи дониш муборакбод намуда, бароятон дар ин соли пурумеду орзуҳои нек фатҳи қуллаҳои баланди дониш, дастовардҳои нави маънавӣ, таҳсили пурсамар, сиҳатмандӣ, зиндагии хурраму осударо сидқан таманно менамоям.

Имрўз аз файзу баракати истиқлол ва суботу амнияти кишвари азизамон тамоми муассисаҳои таълимӣ чун анъана дарҳои худро ба рўи хонандагон боз намуда, онҳоро боз ба оғўши маърифату маънавият мекашанд.

Давлати соҳибистиқлоли мо бо сарварии хирадмандонаи Асос- гузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба инкишофи илму маърифат, такомули раванди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонон ғамхорӣ зоҳир менамояд.

Дар сиёсати давлат соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок арзёбӣ гардида, баҳри баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа ва тадриҷан беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳа тадбирҳо андешида мешаванд. Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки соҳаи илму маориф дар оянда ҳам-чун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконияти худро истифода мебарад ва маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад.

Дар сатҳи сиёсати давлатӣ мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои соҳаи маориф, татбиқи барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ, барномаи такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, тақвияти ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳа, таҳкими пояи моддӣ-техникӣ таълимгоҳҳо, қабули духтарону писарон ба мактабҳои олӣ тариқи квотаи президентӣ намунаи бар- ҷастаи талошу иқдомҳои давлату ҳукумат нисбати маориф мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти рушди бемайлони маорифи шаҳр мунтазам тадбирҳои амалӣ меандешад. Инчунин, маблағгузорӣ дар ин самт сол то сол зиёд гардида, алҳол таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ, истироҳати тобис-тонаи кўдакону наврасон, тайёрии муассисаҳои таълимӣ ба соли хониши нав ва давраи тирамоҳу зимистони соли хониши 2017-2018, таъмини таълимгоҳҳо бо мутахассисони соҳибмаълумот, таъмин бо мизу курсӣ, китобҳои дарсӣ ва технологияи компютерӣ бо суръат идома дорад.

Имрўз Ватани соҳибистиқлоламон аз Шумо, мактабиёни азиз, ки ояндаи зеҳнии ҷомеа мебошед, боварӣ ва умедҳои калон дорад ва дар симои шумоён бинокорони ояндаи хешро мебинад. Итминони комил дорам, ки ҳар яки шумо, бо истифода аз шароити мусоиди фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат, хуб таҳсил карда, барои соҳибмаърифату соҳибкасб шудан азму талош менамоед. Ҳамзамон, аз Шумо устодони гиромӣ, умед-ворем, ки барои ба сатҳи сифатан нав баровардани раванди таълиму тарбияи насли наврас маҳорату малакаи хешро дареғ намедоред.

Иди Рўзи Дониш муборак!