zoofirma.ru

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба 26-уми солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода ҷаласаро ҳусни ифтитоҳ бахшида, сипас намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ доир ба дастовардҳои тоҷикистониён дар зарфи 26 соли Истиқлолияти давлатӣ маърўза намуд. Муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ табрикоти Раиси вилояти Суғдро қироат кард.

Дар ҷаласаи тантанавӣ озмуни рамзи шаҳри Гулистон ҷамъбаст гардида, дар охир ба пешқадамони соҳаҳои хоҷагии халқ Ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр дар вазъи мутантан супорида шуданд.