zoofirma.ru

Гулистониёни азиз!

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва тавассути сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузории сулҳу ваҳадати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр чеҳраҳои оламшумули адабиёту фарҳанги мо аз нав зинда ва хотираи онҳо абадӣ гардонида шуд. Дар яке аз сафарҳои худ Пешвои миллат ба Туркия, шаҳри Қуния ба сари қабри Мавлоно Румӣ рафта, онро зиёрат намуда, таъкид карданд, ки Мавлоно Румӣ яке аз намояндагони пурифтихори халқи тоҷик маҳсуб ёфта, гузаштагони эшон аз Вахшонзамин мебошад. Инчунин бо ибтикори Пешвои муаззами миллат соли 2007 дар Тоҷикистон ва дар тамоми дунё 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ ботантана таҷлил карда шуда, адолати таърихӣ нисбати ин ҳакими бузургу давру замонҳо барқарор карда шуд.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ яке аз пурмаҳсултарин адибони тоҷику форс ба ҳисоб рафта, бо осори гаронмояи манзуму мансури худ дар ташаккули фарҳанги мо – тоҷикон саҳми бузурге дорад. Осори гаронмояи Мавлоно Балхӣ дар «Девони Шамс», «Маснавии маънавӣ», «Маҷолиси саъба», «Фиҳӣ мо фиҳӣ», ва «Мактубот» фароҳам омадаанд. Пойгоҳи ин суханвари беназир ончунон баланд аст, ки ҳамагон ӯро бузургтарин шоири ҷаҳон, барҷастатарин намояндаи адабиёти форсу тоҷик ва монанди ин ба қалам додаанд.

Имрӯз моро мебояд, ки аз ин осори гаронмоя ва оламшумули Мавлоно хабардор бошем. Онро мутолиа намоем ва аз он баҳрабардор гардем. Зеро бубинед, ки як тан фарзанди фарзонаи тоҷик Ҷалолуддини Румии Вахшонзаминӣ бо хости худу мардумони зодгоҳи аҷдодиаш не, бо хоҳишу талаботи китобдӯстони асили ҷаҳонӣ дар қитъаҳои олам соҳибтоҷ гардида, натанҳо беист, балки гузашта аз ин бо майлони афзуншавии рӯз ба рӯз азизтарин, дилбартарин ва хонотарин адиби ҷаҳонӣ шинохта мешавад.

Рӯзи Мавлоно Румӣ муборакбод намуда, бароятон сарсабзиву офият, саодатмандӣ ва комёбиҳо таманно менамоям. Бигузор ҳамеша вориси сазовори чунин шахсиятҳои бузургу нотакрор ва олимартабаи худ бошед!