zoofirma.ru

Устодони арҷманд!

Муаллимони гиромӣ!

Пешаи наҷиби омӯзгорӣ, кору пайкори ҳамарӯзаи муаллими ҳақиқӣ, худафрӯзӣ ва сӯхтану сохтанҳои ӯ, заҳматҳои пайвастааш дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас, тайёр кардани мутахассисон ва маърифатноксозии мардум сазовори ҳама гуна сипосу арҷгузорӣ ва эҳтиромҳо мебошад. Мақому манзалат ва нақши омӯзгор, алалхусус дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон ба маротиб афзудааст. Дар замони Истиқлолият дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии таълимгоҳҳои мавҷуда дигаргуниҳои зиёде ба амал омад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллимро «Ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он» номидаанд. Ҳукумати Тоҷикистон баҳри пешрафти кори муаллим ва беҳбудии рӯзгори ӯ пайваста ғамхориҳо мекунад.

Хушбахтона, дар даврони соҳибихтиёрӣ омӯзгорони арҷманди мо рисолати таърихии худро сарбаландона идома дода, дар эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пойдории сулҳу ваҳдат ва худшиносии миллӣ, таълими илму фан ва тарбияи ватандӯстии насли навраси Гулистон чун созандагони ҷомеаи навин нақши босазо гузошта истодаанд. Алҳол, беш аз 900 нафар омӯзгорон дар 26 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла коллеҷи тиббӣ алҳол машғули тадрису тарбия мебошанд. Беш аз 35 нафари онҳо дорандагони унвони фахрии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, 200 нафар муаллимони тахассуси олидор, беш аз 160 нафар омӯзгорон тахассуси якумро соҳиб мебошанд.

Ҳамаи Шумо, устодони муҳтарам ва омӯзгорони гиромиро бо Рӯзи иди касбиатон самимона муборакбод гуфта, ба Шумоён тансиҳатӣ, комёбиҳо ва шукуфоии рӯзафзуни Ватани маҳбубу азизамонро таманно менамоям.