zoofirma.ru

Мувофиқи нақшаи кории Дастгоҳи иҷроияи Президент ситоди махсус барои тафтиши вазъи тирамоҳу зимистонгузаронии ташкилоту муассисаҳо ташкил гардид.

Аз ҷумла, аъзои ситоди мазкур бо роҳбарии Илёс Юнусов ба шаҳри Гулистон ташриф оварда, дар толори хурди МИҲД-и шаҳр бо масъулин ва аъзои ситоди шаҳрӣ дидорбинӣ намуданд.

Дар ҷараёни вохўрӣ муовини Раиси шаҳр Ғ.Оқилзода таъкид намуд, ки муассисаҳои иҷтимоии шаҳр барои гузаронидани тирамоҳу зимистони соли 2017-2018 пурра омода буда, дар ин замина ягон мушкилот вуҷуд надорад.