zoofirma.ru

Бо ибтикори мақомоти иҷироияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва китобхонаи марказонидаишудаи шаҳр дар толори Қасри фарҳанг Рўзи шоири ориф ва мутафаккири барҷаста Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ таҷлил карда шуд.

Дар оғози чорабинӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Мадализода Илҳом Раҳим табрикоти Раиси шаҳрро ба самъи ҳозирин расонида, таъкид дошт, ки дар воқеъ ин суханвари моҳир ва мутасаввиф яке аз чеҳраҳои тобноки адабиёти қарни сенздаҳ ба шумор рафта, мероси арзишманде ба ҷаҳониён боқӣ гузоштааст. Дар ин маҳфили пуршукўҳ раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён низ оид ба паҳлуҳои мухталфи зиндагӣ ва ашъори ин шоири ориф суханронӣ намуд.

Аз ҷониби хонандагони мактабҳои маркази шаҳр саҳнаҳо аз рўзгори шоир намоиш дода шуда, шеъру суруд аз ашъори ў қироат гардид.