zoofirma.ru

Ба ифтихори Рўзи забон дар толори бахши фарҳанги шаҳр ҳамоиши илмӣ-бадеӣ таҳти унвони “Забони миллат-ҳастии миллат” баргузор гардид.

Дар ибтидо мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Илҳом Мадализода муборакбодии Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзодаро ба самъи ҳозирин расонид.

Сипас омўзгори МТМУ № 1-и маркази шаҳр Мирсаидамин Мирбобоев, директори китобхонаи марказии шаҳр Оминахон Мирзоева, муҳассилини муассисаҳои таълимии № 1, 14, гимназия дар бораи мақоми забони тоҷикӣ баромадҳо карданд. Ҳамзамон, дар васфи бузургии забони модарӣ шеърҳо қироат гардида, озмуни саволу ҷавоб доир ба таърихи забон ба вуқўъ пайваст. Санъаткорони бахши фарҳанг ва ҳаваскорони санъати макотиби шаҳр барномаи рангини консертиро манзури иштирокчиён намуданд.