zoofirma.ru

Ба муносибати Соли ҷавонон ва 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кумитаи шаҳрии ТҶММ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр дар толори варзишии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №14 мусобиқаи шаҳрӣ оид ба тирпарронӣ бо номи «Нишонзани беҳтарин» байни хонандагон ва омўзгорони фанни омодагии дифои ҳарбии муассисаҳои таълимӣ баргузор намуд. Дар мусобиқа намояндагони ҳашт муассисаи таълимӣ ширкат варзиданд.

Ҳайати ҳар як даста аз ду нафар духтар, ду нафар писар ва як нафар омўзгори фанни дифои ҳарбӣ иборат буд. Байни духтарон Рухсора Баҳриддинова (МТМУ №14) ҷои аввал, Сайнисо Набиева (МТМУ №1) ҷои дуюм ва Умеда Султонова (Гимназияи №1) ҷои сеюмро ишғол намуданд.

 

Байни писарон Фозилов Некрўз (МТМУ №8) ҷои аввал, Ёдгор Ҳоҷибоев (МТМУ №14) ҷои дуюм ва Fаниҷон Ҳомидов (Гимназияи №1) ҷои сеюмро соҳиб гаштанд. Дар байни дастаҳо ҷои якумро дастаи МТМУ №14 бо 66 хол, ҷои дуюмро Гимназияи №1 бо 54 хол ва ҷои сеюмро МТМУ №1 бо 48 хол ишғол намуданд.