zoofirma.ru

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ҷаласаи васеъ бахшида ба ҷамъбасти нуҳмоҳаи фаъолияти соҳаҳои мухталифи шаҳр баргузор гардид. Дар ҷаласа мудирони шуъба ва бахшҳои мақомот, роҳбарони корхонаву муассисаву идораҳо ва раисони ҷамоати шаҳракҳо иштирок намуданд.

Роҷеъ ба фаъолияти соҳаи гуногуни шаҳр дар давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2017 роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр Абдуаҳад Ҳакимзода маърўзаи муфассал намуд. Аз ҷумла тазаккур ёфт, ки дар давоми нуҳ моҳи соли 2017 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 93,2 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 119,5 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 27,9 миллион сомонӣ ё 113,4 фоиз ба иҷро расида, зиёда аз нақша 3,3 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд. Воридоти барзиёдии андозҳо ба қисми даромади буҷет имкон дод, ки маблағгузории соҳаҳои мухталифи иҷтимоии шаҳр саривақт таъмин карда шаванд. Дар натиҷа нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 99,7% иҷро гардид. Танҳо ба ду соҳаҳои асосӣ - маориф ва тандурустӣ 18,5 миллион сомонӣ ё 67,8% маблағи буҷет равона гардид. Пардохти музди маоши кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ бо пуррагӣ таъмин карда шуд.

Дар ин давра нақшаи андози иҷтимоӣ 101,3% иҷро гашт. Дар нуҳ моҳ ҳаҷми гардиши фурўши моли чакана 36 миллиону 502,4 ҳазор сомонӣ буда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,5%-ро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 51 миллиону 859,4 ҳазор сомонро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум ба маблағи 1 миллиону 315,7 ҳазор сомонӣ зиёд, яъне ба 102,6% баробар мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба иқтисодиёти шаҳр 294,1 миллион сомонӣ инвеститсияҳо ҷалб гардида, аз он 287,1 миллион сомонӣ инвеститсияҳои хориҷӣ (аз тарафи Ширкати кўҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва харидани таҷҳизоти иловагӣ) ва 6,9 миллион сомонӣ инвеститсияи дохилӣ (аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ) ташкил дод, ки асосан ба сохтмони сехҳои истеҳсолӣ, хонаҳои истиқоматӣ, осоишгоҳ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ мансуб мебошанд. Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар давоми нуҳ моҳи соли равон ба маблағи 2 миллиарду 528 миллиону 639 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 118,7 фоизро ташкил дод.

Бояд қайд кард, ки саноатчиёни шаҳр дар ин давра барои болоравии соҳаи саноат кўшиш ба харҷ дода, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро баланд бардошта, 36,6%-и ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилояти Суғдро таъмин намуданд.

Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон фаъолияти мунтазам дошта, бо 21 кишвари ҷаҳон алоқаи тиҷоратӣ намуданд ва дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ба кишварҳои хориҷа ба маблағи 165 миллиону 51 ҳазор доллари амрикоӣ, воридот бошад 53 миллиону 959 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода, фарқияти содирот аз воридот дар ин давра 3,1 маротиба зиёд шудааст. Дар маҷмўъ гардиши савдои хориҷӣ 219,1 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.