zoofirma.ru

Бо мақсади тақвият бахшидани корҳои оммавӣ - мудофиавӣ ва таблиғоти корҳои ҳарбӣ ватанпарастӣ байни ҷавонону наврасон, омода намудани ҷавонони синни тодаъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бештар ҷалб намудани онҳо ба намудҳои варзиши техникӣ ва ҳарбӣ-амалӣ, Кумитаи шаҳрии ТҶММ бо дастгирии шуъбаи маориф, комиссиарити ҳарбӣ ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба соли 2017 - Соли ҷавонон мусобиқаи ҳарбӣ-варзиши «Шафақ-2017»-ро дар байни хонандагони синфҳои 10-11 баргузор намуданд.

Дар мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Шафақ-2017» дастаҳои мунтахаби мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр иштирок намуданд. Ҳайати дастаҳои мунтахаб аз 11 варзишгар иборат буда, иштирокчиён аз рўйи шартҳои ба қисмҳо ҷудо ва ҷобаҷокунии автомат, турниккашӣ, давидан ба масофаи 100 метр, пўшидани ниқоби зидди газӣ, норинҷакпартоӣ ва бандкашӣ қувваозмоӣ намуданд.

Ғолибони озмун бо диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.