zoofirma.ru

Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст гузориши Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2022 ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ” шунида шуд.

Таъкид гардид, ки Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2022 дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 23 январи соли 2015 таҳия гардида, яке аз ҳадафҳои асосии қабули барнома баланд бардоштани сифати омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи босамари барнома ба Вазорати маориф ва илм, мақомотҳои марказии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки барномаи мазкурро дар доираи маблағҳои барои соҳаи маориф ҳамасола пешбинишуда ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ намоянд.

Сипас, аъзои ҳукумат масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис, аз ҷумла Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи барномаи корҳои оморӣ барои соли 2018 ва Дар бораи Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 — ро баррасӣ карданд.

Вобаста ба иҷрои Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа ҷиҳати тарбияи кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар ва бо ин роҳ таъмин кардани муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ, аз ҷумла театрҳо, китобхонаҳо, осорхонаҳо ва шуъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо дастуру супришҳои мушаххас доданд.

Дар бораи Нақшаи генералии деҳаи Қалъаихумб-маркази ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ва Дар бораи Нақшаи генералии деҳаи Баҳор — маркази ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон раисони ноҳияҳои номбаршуда ҳисобот доданд.

Нақшаи генералии ноҳияҳои номбаршуда бо мақсади муайян кардани стратегияи рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳудуди маҳалҳои номбаршуда, таҳия шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дар амал татбиқ кардани нақшаҳои генералӣ ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки барои амалӣ кардани ин барномаҳои ояндадор аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода баранд. Дастур дода шуд, ки дар вақти татбиқи барномаҳо ба масъалаи истифодаи оқилонаи замин, бунёди роҳҳои босифат, таъмини об ва хатҳои обу корез, бунёди иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла биноҳои маъмурӣ, мактабҳо ва манзилҳои зист диққати ҷиддӣ дода шавад. Таъкид карда шуд, ки ҳадафи асосӣ аз андешидани ин тадбирҳо беҳтар кардани шароити иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар мебошад.

Дар охири кори маҷлис Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони шаҳру ноҳияҳои кишвар, вазорату кумитаҳои давлатӣ бобати иҷрои дастурҳое, ки аз маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ бармеоянд, супоришҳои мушаххас доданд.

Дастуру супоришҳо ҳамчунин барои дар сатҳи зарурӣ ва бо дастовардҳои беназири меҳнатӣ ҷамъбаст кардани фаъолияти ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат дар охири соли 2017, захираи маводи хӯрока, таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти ниёзи аввал, иҷрои нақшаи кишти тирамоҳӣ, дар амал татбиқ кардани чорабиниҳо вобаста ба ободонии пойтахт, инчунин иҷрои талаботи нақша — чорабиниҳо оид ба давраи зимистони солҳои 2017-2018 ва истифодаи оқилонаи неруи барқ, дода шуд.

Мавриди зикри хос аст, ки танҳо рӯзҳои охир дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе аз ҳисоби ба системаи гармидиҳӣ пайваст кардани хонаҳои истиқоматӣ бештар аз 4 миллион киловат соат неруи барқ сарфа гардид ва ин яке аз омилҳое аст, ки ин имкон медиҳад мардуми кишвар дар тамоми фасли сол 24 соат бо барқ таъмин бошанд.

Дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба воридоти маҳсулоти хӯрокаи пастсифату ба саломатии мардум зараровари озуқа изҳори нигаронӣ намуданд.

Ҳамин тавр бинобар беэътиноӣ зоҳир кардан ба вазифаҳои ишғолкарда ва беназоратӣ нисбат ба воридоти маҳсулоти пастсифати хӯрока, аз қабили гӯшти мурғ бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Ибодулло Карим, Хадамоти назорати байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазиров Шералӣ Сафаралиевич ва Хадамоти назорати давлатии санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Холмуҳаммад Карим аз вазифа озод карда шуданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.