Санаи 14.03.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ҳайати кормандони мақомоти прокуратураи шаҳрро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура муборакбод гуфта, барояшон тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ, рӯзгори осуда ва дар иҷрои рисолати пуршарафашон барору комёбӣ таманно намуд.
Зикр карда шуд, ки мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳимми давлатдорӣ мебошад, ки фаъолияти он ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардидааст.
Аз ин рӯ, таъмини қонунияту адолат, амният, сулҳу субот ва ризоият дар ҷомеа аз фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура вобаста мебошад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода аҳли қаламро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик муборакбод намуд
- Паёми табрикии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар иштирок намуданд