Матни равон

Имрӯз, 27.06.2022 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии тантанавии идона бо иштироки  фаъолони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр баргузор гардид. Чорабинии тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ҳамагонро ба ин муносибат муборакбод намуд. Зикр карда шуд, ки рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гардид. Бо имзо намудани ин ҳуҷҷат дар назди аҳли башар бори дигар таҳаммулпазирӣ ва иродаи сулҳҷӯёнаву бунёдкоронаи халқи тоҷик собит гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - поягузор ва меъмори Ваҳдати миллӣ дар бораи машаққати ба даст овардани сулҳ таъкид намудаанд, “Бо дарназардошти он ки Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад”.

Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзии фарзандони огоҳу бедордили миллат, музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ва ҳамзамон, бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандӯст муяссар гардидааст.

Ба даст омадани Ваҳдати миллӣ дар пешрафту тараққиёти Тоҷикистон давраи тамоман навро оғоз кард. Ислоҳоти ҷиддии иқтисодие, ки давлат ва ҳукумат дар давраи Истиқлолияти миллии Тоҷикистон пеш гирифтанд, маҳз дар вазъияти сулҳу осоиш ва фазои ҳамдигарфаҳмии халқи тоҷик ҷомаи амал пӯшиданд.

Халқ, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тибқи он саъю талош намуда, дар давоми сӣ соли Истиқлолияти миллии мамлакат ба ваҳдати сиёсӣ, ваҳдати маънавӣ, ваҳдати иқтисодӣ, хулоса ба якпорчагии Ватани азизи худ муваффақ гардид. Ба даст овардани оштии миллӣ ва ризоияти ҳамаи табақаҳои мардуми кишвар бори дигар собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари хирадманд – меъмори Кохи Ваҳдати миллӣ ва халқи бурдбори мо дуруст ва бебозгашт аст.

Ҳамчунин, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Маркази "Тоҷикстандарт" дар вилоят Ғайбулло Муҳиддинзода паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро манзури иштирокдорон намуд.

Пас аз қисми расмии чорабинӣ санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангин ва марғуби консертиро манзури иштирокчиён намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:196
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2772
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4849
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:26649
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7979
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:107523
mod_vvisit_counterҲамагӣ:5736984

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?