Матни равон

24-уми август дар Кохи Истиқлол машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Гулистон бо иштироки Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ва намояндаи Раёсати маорифи вилоят Баҳоваддин Хоҷаев доир гардид.

Дар машварат андешаву гузоришҳо ва таҳлилу пешниҳодот оид ба мавзўи “Рушди маорифи шаҳр дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми январи соли 2016” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Мудири шуъбаи маориф Муяссар Ҳайдаров зимни табрикот, хайрамақдам гуфтани меҳмонон ва иштирокчиён зикр кард, ки ҳадаф аз баргузории машварати августӣ, пеш аз ҳама муайян намудани фаъолияти кормандони соҳа, таҳлилу баррасӣ ва қабули нақшаҳои минбаъда, табодули таҷриба ва тақвияти кори муаллимону мураббиён бо мақсади самаранок ба роҳ мондани ҷараёни ибратбахши таълиму тарбия мебошад.

Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода зимни суханронӣ ва табрикоти хеш аз дастоварду комёбиҳои аҳли маориф ёдовар шуда, дар баробари ин ба масъалаи иҷрои Қонуни ҶТ “ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, вазъи ҷиноятсодиркунии ноболиғон, риояи либоси мактабӣ, қадрдонии омўзгорони фаъолу эҷодкор ибрози андеша намуд.

Раиси шаҳр таъкидҳои Президенти кишварро дар мавриди таълиму тарбияи ҷавонон ва наврасон дар рўҳияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию умумибашарӣ ва бо донишҳои муосир мусаллаҳ намудани онҳо кормандони маорифи шаҳрро вазифадор намуда, онҳоро муваззаф кард, ки дар фаъолияти ҳамарўзаи худ бештар ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳ намуда, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбари давлатро таъмин созанд.

Ман дар сиёсати худ соҳаи маорифро дар ҷойи аввал гузоштаам, - ёдовар шуд Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода, гуфтаҳои Президенти мамлакатро ва таъкид дошт, ки ҷавобан ба ин ғамхорӣ устодону омўзгорон бояд дар баланд бардоштани маърифатнокӣ ва тадриҷан ба камол расонидани дунёи маънавии ҷомеа, ба хусус насли ояндасози миллат мавқеи беназир дошта бошанд.

Намояндаи Раёсати маорифи вилоят Баҳоваддин Хоҷаев иштирокчиёни машваратро ба муносибати фарорасии соли нави хониш ва ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳният намуда, оид ба дастоварду комёбиҳо ва камбудиҳои мавҷуда дар соҳаи маорифи шаҳр фикру андешаҳояшро баён дошт.

Сипас директори муассисаи таълимии №2, шаҳраки Чоруқдаррон Санавбар Набиева дар мавзўи “Нақши Ассотсиатсияи волидону омўзгорон дар тарбияи хонандагон дар асоси Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва омўзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик аз  МТМУ №14 Рухсатой Ўрунова дар мавзўи “Вазифа ва ўҳдадориҳои кормандони соҳаи маориф дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 20-уми январи соли 2016” маърўза намуданд.

Дар поёни машварат ба омўзгорони навовару эҷодкор ва собиқадорони соҳа туҳфа ва Сипосномаҳои Раиси шаҳри Гулистон, Раёсати маорифи вилоят супорида шуд.

Директори МТМУ №8 Садоқат Норматова, омўзгори муассисаи таълимии номбурда Умринисо Орипова ва муаллимаи МТМУ №1 Хоҷалой Комбоева бо нишони сарисинагии “Аълочии маорифи Тоҷикистон” қадр гардиданд.

Иштирокдорони машварати августӣ Муроҷиатномаи кормандони соҳаи маорифро ба кулли шаҳрвандони шаҳри Гулистон қабул намуданд.

Барномаи рангини консертии ҳунарварони бахши фарҳанг табъи ҳозиринро болида сохт.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:266
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1940
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8245
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12052
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:17548
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:43614
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8118865

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?