Матни равон

Имрӯз, 23.06.2025 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон бахшида ба 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ - омили устувории давлати соҳибистиқлол” бо иштироки кормандони соҳаҳои гуногун баргузор гардид.

Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар кори конференсия муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, шоир Адибаи Хуҷандӣ, мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Фаридуншоҳ Абдуллоев ва мутахассиси бахши кор бо дин, танзими ҷашну маросими МИҲД-и шаҳр Шаҳбоз Раҳматов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зирк карда шуд, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ – барои тоҷикону тоҷикистониён рӯзи муқаддас ва санаи таърихиву сарнавиштсози баҳамоиву оштии миллӣ, сулҳу суботи комил ба шумор рафта, асоси рушди соҳаҳои хоҷагии халқи кишварро дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон таҷассум мекунад, ки соли равон аз таърихи баимзорасии ин санади сарнавиштсоз 28-сол сипарӣ мегардад.

Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 №АП-711, қарори Раиси вилоят аз 20.02.2025, №51 “Дар бораи ташкил ва  гузаронидани даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”  дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”  бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум менмоянд баргузор гардид.

Дар даври вилоятии озмуни мазкур аз шаҳри Гулистон беш аз 30 нафар ғолибони даври шаҳрӣ иштирок намуда, соҳиби 1 ҷойи аввал, 3 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи сеюм ва дар маҷмуъ 7 ҷой гардида, ба даври ниҳоии озмун роҳхат грифтанд. Аз ҷумла:  Зуҳрои Шералӣ номинатсияи санъати тасвирӣ, жанри ороиши амалӣ, миёни синну соли аз 18 то 35 сола – ҷойи аввал, Бурҳонзода Озода - номинатсияи навозандагӣ, жанри  анъанавӣ, зинаи синну соли аз 12 то 17 сола – ҷойи дуюм, Холбоев Зокир - номинатсияи сарояндагӣ, жанри анъанавӣ миёни синну соли аз 18 то 35 сола – ҷойи дуюм, Усмонов Паҳлавон - номинатсияи сарояндагӣ, жанри эстрадӣ миёни синну соли аз 18 то 35 сола – ҷойи дуюм, Қурбонова Афсона - номинатсияи сарояндагӣ, жанри эстрадӣ, синну соли аз 12 то 17 сола – ҷойи сеюм, Сатторов Ҷалолиддин, номинатсияи навозандагӣ, жанри эстрадӣ, синну соли аз 12 то 17 сола – ҷойи сеюм ва Фархунда Эркаева - номинатсияи санъати тасвирӣ, жанри ороиши амалӣ зинаи синну соли аз 18 то 35 сола – ҷойи сеюм. Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои молии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадрдонӣ карда шуданд.

Имрӯз, 20.06.2025 дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳри Гулистон, раиси Шуро Муслимахон Ҷамолиён Шурои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа бо иштироки аъзои Шуро ва кормандони соҳаи тандурустӣ баргузор гардид.

Маврид ба зикр аст,  ки вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/БПНМ) дар давоми 40 соли охир ба яке аз мушкилоти асосии аҳли сайёра табдил ёфтааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли ин мушкилот бетараф нест. Эпидемияи ВНМО на танҳо ба системаи тандурустии кишварҳо, балки ба иқтисодиёти давлатҳо низ таъсири манфии худро мерасонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти хеш оиди пешгирӣ ва мубориза ба эпидемияи ВНМО, ҳуҷҷатҳои муҳими Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳидро, ки ба пурзӯр намудани фаъолият баҳри барҳам додани эпидемияи ВНМО то соли 2030 дар ҷаҳон равона гардидаанд ва яке аз бахшҳои муҳим дар чорчубаи расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мебошанд, ҳамаҷониба эътироф намуда, дастгирӣ менамояд.

Маркази робитаҳои ҷамъиятии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар ВМКБ хабар медиҳад, ки 12-уми апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати КДАМ дар ВМКБ айбдоршаванда Султоншоев Хуршедшо Мамадасанхонович, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Хоруғ, маҳаллаи “Хоруғи боло”, кӯчаи М.Иҷубов, хонаи 73, ки қаблан соли 2010 бо моддаи 200-и КҶ ҶТ барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ба муҳлати 9 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд, дастгир карда шуд.

Зимни амалиёти дастгиркунӣ аз айбдоршаванда Султоншоев Х.М. 1-адад норинҷаки ҷангии РГД-5 ва миқдори муайяни воситаи нашъадор, инчунин ҳабҳои “экстазӣ” дарёф ва мусодира карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки нисбати айбдоршаванда 9-уми ноябри соли 2020 аз ҷониби Прокуратураи ВМКБ бо дастрасии моддаҳои 237, қисми 3 (авбошӣ дар ҳайати гурӯҳӣ), 328, қисми 1 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) ва 330, қисми 1 (таҳқири намояндаи ҳокимият)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятии №61178 оғоз карда шуда, номбурда расман дар кофтуков қарор дошт.
Султоншоев Х.М. рӯзи 4-уми ноябри соли 2020 бо ҳамроҳии се нафар айбдоршавандагони расман дар ҷустуҷӯ қарордошта - Шабонов Ҷамшед Шокирҷонович, Зикилобеков Сино Файзалибекович ва Ақназаров Ақназар Алиназарович тавассути автомашинаи сабукрави тамғаи “Тайота”, бо аломати қайди давлатии 0005АА04 ба дидбонгоҳи доимоамалкунандаи БДА дар деҳаи Бидурди ноҳияи Шуғнон ҳозир шуда, нисбати кормандони милитсия, ки вазифаҳои хизматии худро иҷро менамуданд, дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.
Дар баробари ин, нисбати дастгиршуда Султоншоев Хуршедшо Мамадасанхонович 6-уми апрели соли 2020 аз ҷониби ВКД ҶТ бо дастрасии моддаи 200, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии ҶТ барои даст доштан ба хариду фурӯши воситаҳои нашъадор парвандаи ҷиноятии №38555 оғоз гардида, охирин аз 24-уми феврали соли 2021 дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт.
Бояд таъкид намуд, ки аз ҷониби Прокуратураи ВМКБ ба Султоншоев Х.М. якчанд маротиба барои ҳозир шудан ба пурсиш расман даъватнома фиристода шудааст. Вале номбурда аз даъват ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ барқасдона саркашӣ намудааст.
Нисбати дастгиршуда Султоншоев Х.М. дар Прокуратураи ВМКБ ҳаракатҳои тафтишотӣ идома дорад.

 

Санаи 18.06.2025 Клуби футболи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дар доираи даври ҳаштуми Лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар минтақаи Суғд КФ "Темурмалик"-и шаҳри Хуҷандро дар майдони худ қабул намуд.

Бозигарони дастаи "Гулистон" аз оғоз ташаббусро ба даст гирифта, пайваста ба ҳариф фишор меоварданд. Натиҷаи ҳамин ҳуҷумҳои пайиҳам буд, ки дар қисми аввали бозӣ се маротиба хати дарвозаи меҳмононро рахна намуданд.

Дар қисми дуюми дидор гулистониён ҳамоно бо фишороварӣ ва ҳуҷумҳои пайваста тавонистанд, ки 2 маротибаи дигар тубро ба тури дарвозаи ҳариф равона созанд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:72
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3251
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9131
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16495
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:53468
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:82840
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8729889

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?