Матни равон

Фарорасии Рӯзи муборак ва фархундаро, ки ба номи қофиласолори адабиёти тоҷику форс-устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар тақвими навини миллати мо аз баракоти соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз сабт шудааст, ба тамоми мардуми шарифи шаҳр самимона таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор, тавфиқу сарбаландӣ ва дастовардҳои нек таманно менамоям.

Тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Рӯзи Рӯдакӣ на танҳо иди бургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, балки иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тамаддуни миллати мост».

Донишмандон бар он  боваранд, ки устод Рӯдакӣ на танҳо асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс, балки мояи ҳувияти миллӣ ва боиси ифтихори тоҷикон аст, зеро ашъори шоир дар ҳама давру замон появу рушди адабиёти тоҷик буда, омили инкишофи забону фарҳанги тоҷикон гардидааст.

Миёни донишмандон Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо унвонҳои Одамушшуаро, Султони мулки сухан, Соҳибқирони шоирон, Маликушшуаро, Сардафтари шеъри ноби тоҷику форс ёд мешавад. Осори адабии падари шеъри тоҷикӣ дар баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ ва ваҳдату ҳамбастагӣ нақши бузург мебозад. Ин аст, ки ҳоло дар Тоҷикистон бо арҷгузорӣ аз ин шахсият ба ноҳия, марказҳои паҷуҳишӣ, донишгоҳ, муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, мактабҳо ва кӯчаҳо номи устод Рӯдакӣ гузошта шудааст. Инчунин як ҷоизаи давлатӣ низ ба номи ӯ вуҷуд дорад.

Шеъру андешаҳои пурҳикмати устод Рӯдакӣ имрӯзу фардо тарбиятгари ҷомеаи башарӣ ба сӯи арзишҳои олии инсонӣ ва ҳидоятгари ҷаҳони муосир ба самти созандагиву офарандагӣ хоҳад монд.

Бо чунин ниятҳои нек бори дигар фарорасии Рӯзи Рӯдакиро ба тамоми мардуми шарифи шаҳрамон сидқан таҳният гуфта, орзуманди он ҳастам, ки то ҷовидонаҳо каломи ин абармарди нотакрор дар таърихи миллати тоҷик навозишгари рӯҳу ҷонҳо бимонад.

Рӯзи Рӯдакӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2172
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4018
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13240
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:36297
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41291
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:145625
mod_vvisit_counterҲамагӣ:6317275

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?