Матни равон

Ассалому алейкум ҳамшаҳриёни азиз!

Мардуми шарифи Қайроққум чун дигар сокинони Тоҷикистон ва мисли тамоми мусулмонони ҷаҳон Иди Қурбонро ки саршор аз арзишҳои инсонпарварию мардумнавозӣ аст, дар фазои суботи сиёсӣ, пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ, ҷаҳду талошҳои созанда ва бунёдкорона барои расидан ба зиндагии шоиста ва эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ истиқбол мегиранд. Ба муносибати Иди саиди Қурбон ҳамаи Шумоёнро ҳамдиёрони азиз самимона табрик мегӯям ва ба ҳамаатон хонаи обод, саломативу сарбаландӣ ва барори кор орзу менамоям.

 

Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар яке аз паёмҳои табрикӣ ба муносибати Иди Қурбон ба маврид зикр намудаанд: «Фарҳанги бузурги исломӣ волотарин арзишҳои маънавӣ ва ҳаётиро, аз қабили омӯзиши илму маърифат, покизагиву накӯкорӣ, меҳнати ҳалол, дӯстиву рафоқат, созандагиву бунёдкорӣ ва таҳаммулгароӣ талқин мекунад ва аҳли ҷомеаро ҳамеша барои иҷрои чунин амалҳои нек ҳидоят менамояд».

Ҳамчунин ба ҳар кадоми мо зарур аст, ки ба қадри неъмати бебаҳои давлати озоди соҳибихтиёр, сулҳу суботи сиёсӣ ва сарзамини ободу зебои худ расем ва шукронаи онҳоро ба ҷо орем. Мо бояд шукрона кунем, ки имрӯз мусулмонони кишварамон тамоми рукнҳои дини мубини исломро озодона иҷро менамоянд.

Дар ин рӯзҳои шодию нишот бори дигар фарорасии Иди Қурбонро ба тамоми ҳамватанони азиз самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони шумоён ризқи фаровон, оромиву осоиш, меҳру муҳаббат ва файзу баракат орзу менамоям.

Хонаободу сарбаланд бошед, ҳамшаҳриёни азиз!


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3590
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3966
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:24216
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27726
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:127497
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:139749
mod_vvisit_counterҲамагӣ:6257856

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?