Матни равон

8 майи соли 2021

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!

Ҳамватанони азиз!

Фардо 9 –уми май ба пирўзии бузург бар фашизми гитлерӣ ҳафтоду шаш сол пур мешавад.

Ба ифтихори ин санаи таърихӣ ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва тамоми мардуми кишвари маҳбубамонро, ки дар набардҳои шадиди ҷабҳаи мубориза мардонавор истодагарӣ карда, дар ақибгоҳ барои таъмин намудани пирўзӣ бар фашизм саҳми арзишманд гузоштаанд, самимона табрик мегўям ва ба ҳар хонадони тоҷик фазои орому осуда, хонаи обод ва тандурустиву хушбахтӣ орзу менамоям.

Ҳар сол мардуми сулҳдўсти сайёра, аз ҷумла мо – сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол даҳшати ин ҷанги хонумонсўзро ёдоварӣ намуда, 9 –уми майро ҳамчун санаи таҷлили корномаи мардони далеру шуҷоъ ба муқобили фашизми гитлерӣ ҷашн мегирем.

Дар ҳақиқат, Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи инсоният аз ҷумлаи фоҷиабортарин ҷангҳо ба ҳисоб рафта, оқибатҳои даҳшатбори он то ҳанўз дар ҷисму қалби мардуми сайёра эҳсос мегардад.

Қобили зикр аст, ки ғалабаи бузург бар фашизм дар натиҷаи муборизаи дастҷамъонаи мардуми собиқ шўравӣ ва кишварҳои гуногун ба даст омадааст ва намунаи муборизаи озодихоҳонаи халқу миллатҳои мухталиф мебошад.

Бояд гуфт, ки дар таъмини ғалабаи таърихӣ ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми арзишманд гузоштаанд.

Беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ҷанг шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо дар майдонҳои ҷанг ҳалок шудаанд, ки номи нек ва корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст.

Мувофиқи маълумоти мавҷуда дар оғози ҷанг аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ якуним миллион нафар буд.

Яъне бист фоизи сокинони ҷумҳурии мо – қувваи асосии корӣ ба ҷанг рафтанд.

Дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон асосан кўдакон ва занону пиронсолон монда буданд, ки тамоми машаққату маҳрумият ва заҳмату вазниниҳоро бар дўш доштанд.

Илова бар ин, аз шумораи умумии ба ҷабҳа рафтаҳо қариб 31 фоизашон барнагаштанд.

Сабақҳои талхи мубориза бар зидди фашизм ба аҳли башар ҳамеша ҳушдор медиҳанд, ки ба хотири пойдории сулҳу субот ва рўзгори орому осуда дўстиву ҳамкорӣ ва равобити созандаи халқу давлатҳоро таҳкиму густариш бахшидан амри зарурӣ ва ҳаётан муҳим аст.

Имрўз, ки вазъи ҷаҳон бисёр ноором ва торафт мураккабу печида гардида, амнияти мардуми сайёра бар асари таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили терроризму ифротгароӣ, радикализми динӣ ва дигар зуҳуроти хатарноку номатлуб ба таври ҷиддӣ халалдор шуда истодааст, тарғибу ташвиқи сулҳу дўстӣ ва ҳамгироиву ҳамкорӣ дар байни давлатҳо ва халқҳо ниҳоят муҳим мебошад.

Зеро дар натиҷаи ҷангу низоъҳои мусаллаҳонае, ки баъди ба охир расидани Ҷанги дуюми ҷаҳон дар минтақаву кишварҳои гуногуни сайёра рух доданд ва баъзеи онҳо то ҳанўз идома доранд, шумораи ҳалокшудагон ва зарардидагон аз давраи солҳои 1941 – 1945 гузаштааст.

Мардуми мо, ки бори дуюм ва ин дафъа дар дохили кишвар даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро диданд, ба қадри сулҳ, оромӣ ва суботи сиёсӣ мерасанд.

Ва шукрона мекунанд, ки имрўз дар Ватани маҳбуби мо сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ ва фазои созандагиву бунёдкорӣ ҳукмфармост.

Ҳифзу эҳтиёт кардани ин неъмати бузург вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ва наслҳои оянда мебошад.

Мо бояд наслҳои имрўзаро дар рўҳияи ватандўстиву ватанпарварӣ, ҳисси баланди миллӣ, сулҳпарвариву башардўстӣ ва ободкориву созандагӣ тарбия кунем ва ба камол расонем.

Ҳамчунин, мо бояд бо тамоми халқу миллатҳо ва пеш аз ҳама, бо мардумони минтақа ва ҳамсояҳои наздики худ ҳамеша дар фазои сулҳу оромӣ, дўстиву ҳамкорӣ ва эҳтироми якдигар зиндагӣ кунем.

Бори дигар ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба ифтихори 76 –умин солгарди Рўзи Ғалаба табрик мегўям.

Ба ҳар як хонадони мардуми кишвар саломативу хушбахтӣ, иқболи нек ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1346
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2225
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6012
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16214
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:39691
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:96205
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4075107

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?