Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Оила ҷузъи ҳастии инсоният ва қисми ҷудонашавандаи миллату давлат ба шумор меравад. Пойдорию устувории давлату миллат маҳз аз мустаҳкамии оила вобастагӣ дорад.

Дар саросари ҷумҳуруӣ 15-май, ҳамчун Рӯзи оила таҷлил карда мешавад.  Оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад. Оила асоси ҷомеа, муҳимтарин ячейкаи ҷамъияту давлат мебошад.

Оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа ҳамеша нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳанг, идомаи таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф аст. Маҳз ба шарофати оила давлат қавӣ гашатаву тараққӣ мекунад ва некӯаҳволии халқ беҳ мегардад. Дар ҳама замон пешрафти кишвар вобаста ба вазъи оила дар ҷомеа ва муносибат ба он баҳогузорӣ мешуд.

Дар ҳақиқат масъалаи пойдорӣ ва рушду мустаҳкамии оила чун мавзӯи муҳими демографӣ вазифаи ҳамагон мебошад. Мо бояд дар тақдиру сарнавишти ҳеҷ як оила бетараф набошем ва агар лозим шавад, дар ҳама ҳолат ёрии хешро аз онҳо дареғ надорем. Вазифаи оила дар доираи кору бори хонадон оқилона ташкил кардани ҳаёти кӯдакон аст, то ин ки онҳо таҷрибаҳои муфиди наслҳои калонсолро аз худ намоянд ва дар фаъолияти амалии худ истифода бурда тавонанд.

Дар таърихи башар инсоният баҳри рушду инкишофи ҷомеаи мутамаддин тӯли қарнҳо ҷаҳду талошҳои зиёд варзида, марҳила ба марҳила ба беҳдошти рафтору ахлоқ, бунёди одоби оила ва оиладорӣ, маърифату фарҳанги ҳамзистӣ замина гузошт, ки пайваста ташаккул ёфта, пеш меравад.

Ҳаёти солими миллат аз фазои солими оила ибтидо мегирад. Оила чун зинаи аввали бунёди ҷомеа нақши меҳварӣ дар густариши он дорад. То кадом ҳад вазъи иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва фарҳангию ахлоқии оилаҳо дар сатҳи баланд бошад, ба ҳамон андоза он ба рушд ва пешрафти давлату миллат мусоидат менамояд. Худи таҳкиму таъмини саодату хушбахтии оила яке аз рукнҳои асосии низоми давлатдорӣ мебошад.

Ҳамагонро бо таҷлили Рӯзи байналмилалии оила табрик намуда, дар хонадони Шумо файзу баракат, осмони софу беғубор, дустиву рафоқат ва зиндагии пурнишот таманно дорам.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1373
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2225
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6039
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16214
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:39718
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:96205
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4075134

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?