Матни равон

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон нишасти матбуотии Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода оид ба натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар шашмоҳаи аввали соли 2021 баргузор гардид, ки дар он намояндагони беш аз 40 воситаҳои ахбори умуми ҷумҳурӣ, вилоят ва шаҳр иштирок доштанд.

Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода дар ибтидо доир ба фаъолияти пурсамари соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар шашмоҳаи якуми соли 2021 суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли равон рушди устувори иқтисодию иҷтимоии шаҳр таъмин шуда, нақшаи воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа сари вақт иҷро гардид. Дар ин давра ба қисми даромади буҷети давлатӣ 112,1 миллион сомонӣ маблағ, 105,2% нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 5,5 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 29,5 миллион сомонӣ буда,  108,7% иҷро гашт. Нақшаи андози иҷтимоӣ бо 405,1 миллион  сомонӣ  101,7% иҷро гашт.

Саҳми соҳаи саноат дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти минтақавии шаҳр сол аз сол афзоиш ёфта, дар нимсолаи аввали соли равон ба маблағи 2 миллиарду 245 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Дар ин давра 2 коргоҳи нав ба фаъолияти истеҳсолӣ шурӯъ намуданд. Дар корхонаҳои саноатии шаҳр истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 64 намуди аслӣ ба роҳ монда шуда, вазъи қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 34,3 фоизро ташкил медиҳад.

Дар давоми шаш моҳи соли равон ба корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон 36,1 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст. Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 47,6 миллион сомониро ташкил дод. Пардохти маблағи истифодаи қувваи барқ дар маҷмӯъ 102,2%, аз ҷумла, соҳаи саноат-111,7%, соҳаи ғайрисаноатӣ-81,5%, соҳаи буҷетӣ-81,6%, хоҷагии қишлоқ-72,9% ва аз тарафи аҳолӣ-92,8% пардохт шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 59,5 миллион сомонӣ сармоя дар соҳаи сохтмон истифода шуда, корҳои бинокорию васлгарӣ ба маблағи 58,6 миллион сомонӣ иҷро гардид. Фондҳои асосӣ 9,1 миллион сомонӣ буда, нисбати ҳамин давраи  соли гузашта 174,3% иҷро шуд. Иҷрои корҳои пудратӣ  27,4 миллион сомонӣ буда, 100,0% иҷро гардид.

Баҳри истиқболи арзандаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр бо дарназардошти иншооти ғайринақшавӣ сохтмон, таъмиру тармим, азнавбарқароркунӣ ва таҷдиди 204 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд, ки 92,3 фоизи нақша мебошад. Дар ин давра дар маҷмӯъ 700 чорабинии фарҳангӣ баргузор гардиданд. Дар соли равон ба 1575 оила ба маблағи зиёда аз 443,5 ҳазор сомонӣ кумак расонида шуд.

Доир ба рушди соҳаи туризм дар шаҳр зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли равон 379 меҳмонони хориҷӣ ва 12751 истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгохҳо ва марказҳои солимгардонии шаҳр ташриф оварданд. Дар маҷмӯъ дар шашмоҳаи аввал 13130 нафар истироҳат намуданд. Ҳаҷми маблағи воридшуда дар нимсолаи якум аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ 13,6 миллион сомониро ташкил дод.

Сипас, Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода ба саволҳои рӯзноманигорон, аз ҷумла ҷиҳати тақвияти корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии КОВИД-19, бурдани корҳои безараргардонӣ, вазъи гирифторӣ ба илтиҳоби шадиди шуш, таъмини таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳру шаҳракҳо, вазъи ба ваксина фаро гирифтани сокинон, зимистонгузаронӣ, таъмини маводи ниёзи мардум ва оби нӯшокӣ, доир ба истиқболи арзандаи ҷашни бошукӯҳи миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, муроҷиати шаҳрвандон, либоси мактабӣ, барқ, корҳои ободокорӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, сармоягузорӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, ба кор даровардани захираҳои иловагӣ дар соҳаи саноат, равобити тиҷоратӣ ва амсоли ин посух гуфта, аз кормандони воситаҳои ахбори омма даъват ба амал овард, ки ҳамкориро бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон густариш бахшида, дар пешрафту шукуфоии як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузоранд.

Дафтари матбуоти

Раиси шаҳри Гулистон

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3143
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3494
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6637
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23917
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:75704
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:94495
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4384823

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?