Матни равон

16 июли соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳалли будубоши хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва тайёрии ҷангии қисму воҳидҳои низомии ин сохтор дар ҳудуди ноҳияҳои Панҷ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии гарнизони Хатлон шинос гардида, бо ҳайати захираҳои сафарбарии минтақаи мудофиаи ҳудудии вилоят суҳбату вохӯриҳо анҷом доданд.

Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз пойгоҳи Отряди сарҳадии ҳудуди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон оғоз гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази баргузории чорабинӣ, ки дар он зиёда аз 2 ҳазор нафар ҳайати шахсии ҷузъу томҳои сарҳадӣ ва захираҳои сафарбарӣ саф кашида буданд, ташриф оварданд.

Ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардори Отряди сарҳадии Панҷ, подполковник Дониёр Файзуллозода оид ба омодагии ҷузъу томҳо гузориш дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайати шахсӣ оид ба комёбиву дастовардҳои беназири истиқлоли давлатӣ, инчунин таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, вазъи имрӯзаи сарҳади давлатӣ ва омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо суханронӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи афсарону сарбозонро, ки марзу буми давлати соҳибистиқлоламон, амнияти давлату ҷомеа ва зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистонро содиқона ҳимоя карда истодаанд, ба ифтихори ҷашни дарпешистодаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик гуфтанд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки волотарин меъёри ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлол – ба ҷо овардани хизмати Ватан ва ҳифзи марзу буми он мебошад.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар симои ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони фидокори Ватани маҳбуби худро мебинанд.

Вобаста ба авзои кунунии давлати ҳамсояи Афғонистон Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо ин давлати ҳамҷавор на танҳо барои амнияти кишвари мо, балки дар таъмини бехатарии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва гузашта аз ин, Иттиҳоди Аврупо аҳаммияти махсус дорад.

Имрӯзҳо авзои ҳарбиву сиёсии кишвари ба мо ҳамсоя — Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷумла вилоятҳои Балх, Қундуз, Тахор ва Бадахшон, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, ниҳоят мураккаб мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон аз ҳар хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан афсарону сарбозони сарҳадбон ҳушёриву зиракии доимӣ, масъулияти баланд ва омодабошии ҳамешагӣ тақозо менамояд.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки ҳар як афсару сарбоз вазифаҳои бисёр мушкилу масъулиятноки ба зиммааш гузоштаи давлат ва халқи Тоҷикистонро минбаъд низ бо ҳисси баланди миллӣ, ҷасорату матонат ва далериву шуҷоат иҷро мекунанд.

Баъд аз анҷоми суханронӣ бо амри сардори Отряди сарҳадӣ гузашти низомии ҷузъу томҳо ва қувваҳои эҳтиётӣ оғоз гардид.

Дар гузашти низомӣ хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва қувваҳои эҳтиётӣ ё худ захираҳои сафарбарии минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, ки шумораи умумии онҳо, дар маҷмӯъ, беш аз ду ҳазор нафарро ташкил медиҳад, иштирок намуданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини таъсиси Артиши миллӣ, бо вуҷуди вазъи номусоиди ҳарбиву сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар, ба сохтори ташкиливу штатӣ, таъминоти моддиву техникӣ, бунёди инфрасохтори зарурӣ, таҷҳизонидани қисмҳои ҳарбӣ, пуррагардонии сафҳои артиш бо афсарони касбиву кадрҳои баландихтисоси низомӣ ва баланд бардоштани омодагии ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоянд.

Зеро артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардуми он ба ҳисоб меравад.

Баъд аз анҷоми гузашти низомии ҷузъу томҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати захираҳои сафарбарӣ суҳбат доир намуданд.

Зимни суҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати қувваҳои эҳтиётӣ изҳор доштанд, ки чун захираҳои сафарбарӣ барои ҳимояи ҳар зарра хоки поки Ватан доим тайёранд ва дар ҳама гуна вазъият, бо гирифтани аввалин бонги хатар дар ҳамоҳангӣ бо Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба хотири ҳифзи давлат ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми он дар паҳлуи Сарвари ғамхори худ ва халқи шарафманди диёр қарор мегиранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз вохӯрию суҳбатҳои самимӣ бо афсарону сарбозон ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ бо маҷмӯи мухталифи техникаҳои гуногуни ҳарбӣ ва силоҳу муҳимоти ҷангии ҷузъу томҳои отряд шинос гардиданд.

Зимни шиносоӣ бо вазъи маишиву хизматӣ ва таъминоти ҳайати шахсӣ бо маводи хӯрокворӣ, сару либоси низомӣ ва дигар амволи шайъӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагии ёрирасони Отряди сарҳадии Панҷ боздид карданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар тобеияти Отряди сарҳадии мазкур чор гектар замини хоҷагии ёрирасон мавҷуд аст, ки ҳайати шахсӣ дар он зироати гуногун кишт карда, ҳамасола ҳосили хуб ҷамъоварӣ менамоянд.

Маҳсулоти бадастомада барои таъмин намудани ҳайати шахсӣ бо озуқаворӣ ва серғизо намудани хӯроки онҳо мусоидат менамояд.

Бо ҳамин боздиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Отряди сарҳадии Панҷи вилояти Хатлон ба анҷом расид.

Боздиди Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи тайёрии ҷангии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон идома ёфт.

Тибқи ишораи бонги хатар ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбии ин минтақа, ки шумораи онҳо беш аз ду ҳазор нафар буд, дар майдони фурудгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон бо техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҳарбӣ ва силоҳу муҳимоти ҳозиразамон саф ороста буданд.

Баъд аз садо додани Суруди миллӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, доир ба вазъи ноустувори минтақа ва ҷаҳон, таҳдиду хатарҳои воқеӣ, тайёрии ҳамаҷонибаи ҳайати шахсӣ, сафарбарӣ ва идораи қӯшунҳо, аҳамияти ҷалби захираҳои эҳтиётӣ, дар ҳолати омодабош қарор додани ҳама намуди силоҳу муҳимоти ҳарбӣ ва техникаҳои ҷангӣ, ҳушёриву зиракии сиёсиву низомӣ ва муҳимтар аз ҳама, барои пойдории сулҳу субот содиқонаву софдилона хизмат намудан ба сарзамини аҷдодӣ андешаронӣ намуданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодии давлату миллат, фазои орому осудаи кишвар ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон ҳамаи афсарону сарбозонро ба ифтихори 30-юмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик карданд.

Президенти мамлакат зимни суханронӣ оид ба зарурати таъмини амнияти давлат ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандони мамлакат, ки аз сатҳи ҳимояи сарҳадот вобаста аст, андешаронӣ намуданд.

Президенти мамлакат бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки ҳоло ба як сохтори муҷаҳҳазу муосир ва неруи боэътимоди ҳифзи марзу буми мамлакат табдил ёфтааст, яке аз рӯйдодҳои муҳим дар таърихи давлатдории тоҷикон ва аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад.

Сарҳадбонони мо бо ҳимояи марзҳои давлати Тоҷикистон бехатарии кишварҳо ва минтақаҳои дигари дунёро низ аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ҳифз карда истодаанд.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои таъмин намудани ҳимояи сарҳади давлатӣ 3 раёсати минтақавӣ, 17 отряди сарҳадӣ, 2 отряди таъйиноти махсус, эскадриляи алоҳидаи ҳавопаймоӣ, 7 комендатураи сарҳадӣ, 158 дидбонгоҳи сарҳадӣ, 35 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ, Донишкадаи олии сарҳадӣ, Гимназияи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо номи “Ворисони Куруши Кабир”, 4 маркази таълимӣ, 3 госпитали ҳарбӣ, 5 қисми ҳарбӣ дар самти таъминоти техникӣ таъсис ёфта, 187 иншооту бинои ёрирасон бунёд карда шуд.

Дар баробари ин, ҷиҳати таҳкими ҳимояи минтақаҳои осебпазири сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот 92 дидбонгоҳи сарҳадӣ бунёд ва 173 иншооти сарҳадӣ таҷдиду навсозӣ шудааст.

Инчунин садҳо километр роҳҳои нави мошингарди сарҳадӣ ва дигар иншооти ҳифзи сарҳад бунёд гардидаанд.

Дар даврони истиқлол 2800 нафар ҷавон, аз ҷумла 1500 нафар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1300 нафар донишкадаҳои олии хориҷи кишварро хатм намуда, ҳоло дар вазифаҳои афсарии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ хизмат карда истодаанд.

Давоми чанд соли охир дар натиҷаи ҳушёриву зиракии сарҳадбонони ҷасури отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” ва дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат зиёда аз 25 тонна маводи мухаддир, 1200 мил силоҳ ва 6300 адад муҳимоти ҷангӣ мусодира карда шудааст.

Ҳамчунин хотирнишон гардид, ки то имрӯз зиёда аз 1600 оилаи афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин гардида, роҳбарияти давлат бо дарназардошти хусусиятҳои мушкили ҳифзи сарҳади давлатӣ минбаъд низ барои ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии ҳайати шахсӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад ва дастгириву ғамхориро ба хотири беҳсозии шароити хизмат ва зиндагии марзбонон тақвият мебахшад.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба афсарону низомиён муроҷиат карда, изҳор доштанд, ки ҳар яки шумо бояд интизоми ҳарбиро ба таври қатъӣ риоя намоед, доим ҳушёру зирак бошед ва нагузоред, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар унсурҳои ҷинояткор фазои орому осудаи Ватан ва зиндагии осоиштаи мардуми шарифи Тоҷикистонро халалдор созанд.

Баъд аз суханронии Сарвари давлат гузашти низомии афсарону сарбозон ва хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ доир гардид.

Дар идомаи сафар ва шиносоӣ бо вазъи омодагии ҷузъу томҳо ва захираҳои сафарбарии минтақаи мудофиаи ҳудудӣ Сарвари давлат аз шароити хизмативу маишӣ, таълимӣ ва пойгоҳҳои моддиву техникии афсарону сарбозон боздид ба амал оварданд.

Қобили зикр аст, ки барои баланд бардоштани қудрати мудофиавии кишвар, тақвият бахшидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дар маҷмӯъ, Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло тамоми қисмҳои низомӣ бо техникаву лавозимоти ҳозиразамони ҳарбӣ, заминаи хуби моддиву техникӣ ва дигар шароити муосири хизмативу таълимӣ ва маишӣ таъмин карда шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз отряди сарҳадӣ ва ҳангоми шиносоӣ аз намоишгоҳи муҳимоти ҳарбӣ ба ҳайати роҳбариву фармондеҳии сохторҳои низомии мамлакат доир ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси низомӣ ва сайқал додани таҷрибаи доимии афсарону сарбозон супоришҳои мушаххас доданд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3402
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3494
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6896
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23917
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:75963
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:94495
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4385082

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?