Матни равон

27 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэй Фэнхэро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Чинро дар сиғаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ муҳокима карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раванди мусбии рушди робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа ва амниятро самти муҳими муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя номиданд. Таъкид гардид, ки муборизаи муштарак бо терроризм ва экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятӣ ва дигар таҳдидҳо самти мубрами ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаи амният мебошад.

Дар ин зимн, ҷонибҳо роҳҳои таҳкими робитаҳоро дар соҳаи амният баррасӣ намуда, ҷиҳати таҳкими минбаъдаи шарикии самарабахши ду кишвар дар ин ҷода дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар доираи сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавии ҳамкории бисёрҷониба изҳори назар карданд.

Дар ҷараёни мулоқот оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт.

Ба вазъи кунунии низомиву сиёсии Афғонистон ва дурнамои рушди он диққати махсус дода шуд. Дар ин зимн, Сарвари давлати мо бо изҳори нигаронӣ дар бораи рушди хатарзои вазъ дар ин кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон андешаронӣ карда, вазири мудофиаи кишвари дӯсти Чинро дар бораи чораҳои аз ҷониби Тоҷикистон дар самти тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дар маҷмӯъ иқтидори мудофиавии он андешидашаванда дар ҷараён гузоштанд.

Таъкид гардид, ки якбора бад шудани вазъи низомиву сиёсӣ дар минтақаҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистон боиси афзоиши шиддат мегардад ва ин ҳолат ба вазъи умумии таъмини амнияти минтақавӣ таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин робита ҳамкории зичу ҳамгироии хадамоти дахлдор ва сохторҳои махсуси ду кишвар зарур шумурда шуд. Инчунин аҳамияти мусоидати ҳамаҷониба дар самти пешрафти раванди гуфтушуниди байни афғон махсус таъкид гардид.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3223
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3494
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6717
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23917
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:75784
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:94495
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4384903

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?