Матни равон

Дар маркази ноҳияи Айнӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии “Кӯҳсор”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Гулчеҳра Ҳасанова дар заминаи бинои кӯҳнаву фарсуда ва солҳои зиёд бекорхобида ба хотири истиқбол аз ҷашни муқаддаси миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Иншооти дуошёна, ки дар масоҳати 750 метри мураббаъ ҷойгир мебошад, аз таъмири пурра бароварда шуда, дар он коргоҳҳои дӯзандагию атласу адрасбофӣ, кошонаи ҳусн, толори арӯсӣ ва марказҳои касбу ҳунаромӯзӣ ташкил намудаанд. Коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази ҳунармандии “Кӯҳсор” бо дархости сокинони маҳаллӣ ва бо назардошти ба шуғл фаро гирифтани занону духтарони хонашин бунёд ёфтааст.

Коргоҳи дӯзандагӣ дорои 30 дастгоҳи замонавии истеҳсоли кишварҳои пешрафта, аз ҷумла Ҷопон ва Чин буда, коргарон бо истифода аз онҳо метавонанд ҳама гуна либос, дар мисоли либоси ягонаи мактабӣ, корӣ, номгӯи гуногуни либосҳои мардона ва занона, либоси арӯсӣ, ҷиҳози матоъгии хона ва ғайраро омода намоянд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки коргоҳ аллакай бо якчанд муассисаи таълимӣ ва корхонаву ташкилоти ноҳиявӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад ва шурӯъ аз имрӯз коргарон ба иҷрои фармоиш оғоз мекунанд.

Дар коргоҳ 30 нафар занону духтарони маҳаллӣ, ки аз курси омӯзишии дӯзандагӣ гузаштаанд, ба кор ҷалб гардидаанд.

Ба ғайр аз ин соҳибкор бо 10 бонуи дигари дорои таҷрибаи ғании дӯхтани ҷиҳози матогӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад ва онҳо бо гирифтани маоши хуб дар хона фармоиши коргоҳро иҷро менамоянд.

Дар коргоҳи атласу адрасбофӣ дастгоҳҳои махсус насб шудаанд ва дар он дар як рӯз то 100 метр атласу адрас омода карда мешавад. Занону духтарон иброз медоранд, ки ҳарчанд бофтани атласу адрас нозукиҳои зиёд дорад ва кори осон нест, вале онҳо бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Гулчеҳра Ҳасанова ин касби аҷдодиро ба хубӣ аз худ кардаанд ва дар алоҳидагӣ аз уҳдаи он пурра мебароянд.

Дар ин коргоҳ низ атласу адрас дар асоси фармоиш омода карда шуда, ҳамчунин дар дӯкону мағозаҳои алоҳида барои сайёҳону меҳмонон ва дигар завқмандон пешниҳод карда мешавад.

Дар ошёнаи дуюми иншоот марказҳои ҳунаромӯзӣ, аз ҷумла пухтупаз, омӯзиши компютер ва дигар касбҳои серталаб дар бозори меҳнат ташкил карда шудаанд.

Коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии “Кӯҳсор” дорои ошхонаи ҷавобгӯ ба талаботи замони имрӯза бо 20 ҷой ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Соҳибкор нақша дорад дар оянда филиалҳои коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии “Кӯҳсор”-ро дар деҳоти ноҳияи Айнӣ ташкил намуда, занону бонувони хонашинро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ ҷиҳати таъсиси коргоҳи нави истеҳсолӣ ва таъмини занону бонувони хонашин бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ин иқдомро шоистаи таҳсин, қобили дастгирӣ ва туҳфаи арзишманд дар арафаи таҷлил аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3433
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3494
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6927
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23917
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:75994
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:94495
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4385113

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?