Матни равон

Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон маросими муарифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Гулистон озод намудани Бахтиёр Саидаҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон таъин намудани Раъно Ҳошимзодаро ба самъи кормандони мақомоти иҷроия ва фаъолони шаҳр расонид.

Чуноне иттилоъ дода шуд, Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Гулистон озод гардида, Раъно Ҳошимзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр таъин шуд.

Гуфта шуд, ки Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолияти пурсамар дошта, саҳми худро дар ободонии шаҳр ва бунёди иншооти гуногуни иҷтимоӣ гузошт. Раиси вилоят барои фаъолияти босамараш ба Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода изҳори сипос карда, дар фаъолияти минбаъдааш комёбиҳо таманно намуд.

Ҳамчунин ба Раъно Ҳошимзода баҳри иҷрои вазифаҳои хизматӣ барори кор хоста, барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супоришҳо дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки Раъно Ҳошимзода 29 октябри соли 1969 ба дунё омадааст. Соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад.

Солҳои 1991 ба сифати муаллими кафедраи иқтисодӣ фаъолияти худро оғоз карда, то соли 2015 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Солҳои 2015-2017 ба ҳайси декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон фаъолият мебарад.

Солҳои 2017-2018 дар мансаби муовини раиси шаҳри Хуҷанд кор мекунад ва аз соли 2018 то инҷониб раиси шаҳри Бӯстон буд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3150
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3548
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6698
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:32734
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:66174
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106320
mod_vvisit_counterҲамагӣ:5254854

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?