Матни равон

Имрӯз, 23.06.2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Конфренсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – меъмори давлати миллии тоҷикон” таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо иштироки фаъолони шаҳр баргузор карда шуд.

Дар кори Конфренсия Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода директори генералии ҷамъияти муштараки “Апрелевка”, Қосимова  Каромат Маҳмудовна раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр, Муслимахон Ҷамолиён раиси Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр, Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ – барои тоҷикону тоҷикистониён рӯзи муқаддас ва санаи таърихиву сарнавиштсози баҳамоиву оштии миллӣ, сулҳу суботи комил ба шумор рафта, асоси рушди соҳаҳои хоҷагии халқи кишварро дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон таҷассум мекунад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - поягузор ва меъмори Ваҳдати миллӣ дар бораи машаққати ба даст овардани сулҳ таъкид намудаанд, “Бо дарназардошти он ки Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад”.

Ба даст омадани Ваҳдати миллӣ дар пешрафту тараққиёти Тоҷикистон давраи тамоман навро оғоз кард. Ислоҳоти ҷиддии иқтисодие, ки давлат ва ҳукумат дар давраи Истиқлолияти миллии Тоҷикистон пеш гирифтанд, маҳз дар вазъияти сулҳу осоиш ва фазои ҳамдигарфаҳмии халқи тоҷик ҷомаи амал пӯшиданд.

Халқ, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо истифода аз Ваҳдати миллӣ саъю талош намуда, дар давоми 30 соли Истиқлолияти миллии мамлакат ба ваҳдати сиёсӣ, ваҳдати маънавӣ, ваҳдати иқтисодӣ, хулоса ба якпорчагии Ватани азизи худ муваффақ гардид. Ба даст овардани оштии миллӣ ва ризоияти ҳамаи табақаҳои мардуми кишвар бори дигар собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари хирадманд – меъмори Кохи Ваҳдати миллӣ ва халқи бурдбори мо дуруст ва бебозгашт аст.

Дар баробари ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ба ва сулҳу осоиштагӣ болоравии некуаҳволии халқ ва комёбиҳои меҳнатӣ дар ҳама равандҳои иқтисодиву фарҳангӣ мавқеи давлати мо дар миқёси байналхалқӣ хеле мустаҳкам гардидааст. Эътирофи сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳони муосир, дастгирии ташаббусҳои байналхалқии мамлакати мо ва торафт афзудани ҳаҷми инвеститсияҳои берунӣ ба иқтисодиёти кишвар боз як далели равшани ин гуфтаҳо мебошанд.

Дар интиҳои Конфренсия муроҷиатномаи иштирокдорони Конфренсия аз ҷониби мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Акрамзода Рашиди Рузи қироат карда шуд. Дар муроҷиатнома аз номи иштирокдорони конфронси илмӣ-амалӣ бо назардошти хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, бунёди низоми давлатдории навин, нақши арзанда дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва амалӣ намудани ормонҳои ҳазорсолаи мардуми кишвар аз мақомоти олии қонунгузори мамлакат хоҳиш карда шуд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дуюм бо унвони олии Ватан - “Қаҳрамони Тоҷикистон” сарфароз гардонанд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода пешниҳоди ироагардидаро бо хушнудӣ ва сарбаландӣ ҷонибдорӣ намуда, таъкид дошт, ки дар воқеъ хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст овардани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ беназир ва басо бузург аст.

Бо таманнои он, ки пояи сулҳу осоиштагӣ дар сарзамини ҳамешабаҳорамон  ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, шодиву фараҳи ҳамешагӣ Ваҳдати миллиро фарогир бошад ва мардуми шарифи кишвар зери роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қуллаҳои баланди рушду нумуъ даст ёбанд Конфренсия ҳусни анҷом ёфт.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1055
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3337
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15409
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22030
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:37439
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:109622
mod_vvisit_counterҲамагӣ:5557596

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?