Матни равон

12 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои асосии табобатии Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷандро баъди таъмиру навсозии куллӣ ва бинои маъмурияти беморхона, Стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ, чойхонаи миллӣ, меҳмонхона ва коргоҳи истеҳсоли оксигени тиббиро ифтитоҳ бахшиданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои асосии табобатии беморхона баъди 50 соли истифода бори нахуст пурра таъмир шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ мучаҳҳаз ва ба меъёру талаботи соҳаи тандурустӣ мутобиқ гардонида шудааст.

Ин иқдом дар доираи таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи тандурустӣ, ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани шароити муассисаҳои тиббӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд амалӣ шуда, давоми як сол ба анҷом расидааст.

Бинои асосии Беморхонаи клиникавии №1-и шаҳри Хуҷанд аз 4 ошёна иборат буда, масоҳати беш аз 5600 метри мураббаъро дар бар мегирад ва аз 8 шуъбаи беморхона, аз ҷумла шуъбаи қабул, шуъбаҳои наҷот ва беҳискунӣ, ҷарроҳии калонсолон иборат аст. Дар бино 72 ҳуҷраи бистаринамоии беморон барои 227 кати беморӣ мавҷуд мебошад.

Дар ошёнаи якуми бино шуъбаи қабул бо таъсиси 20 ҳуҷраи ташхису муоинаи беморон таъсис ёфта, бо таъмини беш аз 20 намуди дастгоҳу таҷҳизоти муосир барои ташхис, муоина ва таҳлилҳои озмоишгоҳӣ шароити муосир фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, дастгоҳи томографии компютерӣ, рентгени рақамӣ, таҷҳизоти даруннигарӣ, ташхиси ултрасадоӣ, сабти барқии дил ва амсоли ин имкон медиҳад, ки ташхис ва муоинаҳо дар сатҳи баланд гузаронида шаванд.

Ҳамчунин дар ошёнаи якум ҳуҷраҳои табиби амрози дарунӣ, дилшинос, амрози занона ва ҳуҷраи хатна таъсис дода шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ таъкид намуданд ки табибон бо истифода аз ин шароит қабули беморон ва хизматрасониҳоро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд ва ба масъалаи муомила бо беморон ва пайвандони онҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Дар беморхона усулҳои муосири ташхис, табобат, ҷарроҳиҳо бо истифода аз таҷрибаҳои тибби ҷаҳонӣ ҷорӣ карда мешаванд. Бо ин мақсад дар шуъбаи наҷот ва беҳискунӣ бори нахуст маркази машваратии тиббии онлайнӣ – фосилавӣ таъсис ёфтааст. Ин марказ бо мақсади ташкили робитаи онлайнӣ бо клиникаҳои пойтахти мамлакат ва муассисаҳои тиббии пешрафтаи якчанд давлатҳои хоричӣ оид ба баррасии ташхисҳо, ҳолати бемор, рафти табобат ва дигар масъалаҳои марбут ба табобату ташхис тариқи кансилиум таъсис дода шудааст.

Дар ҳамин Марказ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият, сардорони раёсат ва сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ва маҷмааи тандурустии “Истиқлол” тариқи видеоконференсия суҳбат карданд.

Дар доираи нақшаҳои сохтмону навсозӣ дар ҳудуди беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ таъсис ёфта, дар ҳудуди муасиса бинои дуошёнаи лоиҳавии нав сохта шудааст. Дар ошёнаи якуми ин бино маркази танзимгарӣ, ҳуҷраҳои корию истироҳатии табибону кормандон ва ронандагон бо ҳамаи шароит ташкил гардидааст. Ҳамчунин дар шафати бино мошинсарои стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ сохта шудааст.

Барои ба сатҳи байналмилалӣ баробар намудани хизмати ёрии таъҷилии тиббӣ дар стансия Маркази танзимгарии пайваст ба системаи идоракунии рақамии қабулу сабт ва ташкили ёрии таъҷилӣ ва маркази тамоси электронӣ таъсис дода шудааст. Ин усули пешрафта имкон медиҳад, ки муроҷиат ва дархост ба ёрии таъҷилӣ мутобиқи меъёрҳои қабулшуда сабту танзим ва фиристонидани мошини ёрии таъҷилӣ ба роҳ монда шавад.

Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 яке аз муассисаҳои тиббии асосӣ дар вилояти Суғд буда, дар баробари сокинони шаҳри Хуҷанд ба сокинони шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят хизмати тиббӣ мерасонад. Мувофиқ ба талабот ва зарурат дар ҳудуди муассиса ошхона, чойхонаи миллӣ ва меҳмонхона барои аёдаткунандагон, хешовандон ва пайвандони беморон бунёд шудааст ва онҳо метавонанд аз ин хизматрасониҳо истифода баранд.

Бо навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии бинои асосии Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 шароити муосир ва мутобиқ ба стандартҳои ташхису табобабат фароҳам оварда шудааст. Дар ошёнаҳои дуюм, сеюм ва чоруми беморхона шуъбаҳо бо катҳои муолиҷавӣ, нуқтаҳои санитарӣ-гигиенӣ, ошхона, лифт ва дигар хизматрасониҳои зарурӣ барои фаъолияти табибон ва истифодаи беморон муҳайё карда шудаанд.

Дар беморхона табибони соҳибтаҷриба ва мутахассисони ҷавон фаъолият доранд, ки дар ташхис, табобат ва ҷарроҳиҳо эътироф гардидаанд. Шароити замонавӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти замони муосир барои боз ҳам баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ намудани усулҳои наву муосири ташхису табобат ва ҷарроҳиҳо имконияти васеъ фароҳам меоранд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:189
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2772
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4842
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:26649
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7972
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:107523
mod_vvisit_counterҲамагӣ:5736977

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?