Матни равон

Дар назди бинои шуъбаи маорифи шаҳр бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони Раёсати маорифи вилоят Суғд, аҳли зиё, омӯзгорону устодон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ғолиби озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон-2022” - Набизода Муҳаррам Сироҷидин-мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №5-и шаҳр пазироӣ карда шуд.

Лозим ба зикр аст, ки санаҳои 23-25-уми январи соли равон дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон-2022” баргузор гардид.

Иштирокчиён аз руйи шаш шарт: муаррифии фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбии мураббия, мизи мудаввар, машғулияти таълимӣ, тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон ва таҳлили ҳолатҳои равонӣ ҳунару маҳорати худро нишон доданд.

Ҳадафаи асосии баргузории озмуни мазкур баланд бардоштани мақом ва сатҳу сифати таҳсилоти томактабӣ, нишон додани мавқеи таҳсилоти томактабӣ дар пешрафти ҷомеаи кунунӣ ва табодули таҷриба ва маҳорати мураббиён, инчунин ҳавасмандгардонии онҳо барои боз ҳам дар сатҳи хубтару беҳтар ба роҳ мондани фаъолияташон маҳсуб меёбад.

Озмуни мазкур дар асоси Низомномаи озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон”, ки 28-уми феврали соли 2022 аз ҷониби ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми ҶумҳурииТоҷикистон таҳти №3/6 тасдиқ карда шудааст, баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур Набизода Муҳаррам Сироҷидин-мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №5-и шаҳри Гулистон фаъолона иштирок намуда сазовори Ғолиби озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон-2022” гардид.

Дар ҷамъбасти озмуни мазкур, ки 25-уми январи соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раҳим Саидзода-вазири маориф ва илм, Зиёдулло Абдулзода-муовини вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳоитобеи вазорат, намояндагони раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҳайати ҳакамон ва довталабони озмун баргузор гардид бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва мукофотпуливу туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардид.

Ин дастоварди арзандаро ба кулли аҳли зиёи шаҳр муборакбод мегӯем.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:734
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3438
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13414
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22021
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:88282
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:73319
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7537851

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?