Матни равон

Имрӯз, 23 майи соли 2023 дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон тибқи нақша бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон- пайравони Пешвои миллат бо иштироки 110 нафар вакилон, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, роҳбарони корхонаҳо, фаъолони ҳизб, собиқадорон, бонувону ҷавонон, сарбозону афсарон аз қисми низомии 45025, ҷавондухтарону ҷавонписарон, аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», хонандагони муассисаи таълимӣ ва донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳр ҳамоиш баргузор карда шуд.

Ҳамоиш бо садо додани суруди миллӣ кори худро оғоз намуд.

Дар рафти кори ҳамоиш Раъно Ҳошимзода Раиси шаҳри Гулистон, Исмоилзода Зуфар Муртазохон раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Ҷамолиён Муслимахон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зимни суханронии хеш ҷавононро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош намуда, иброз дошт, ки дар партави ғамхорӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун неруи бузург ва ояндасоз баҳри фардои дурахшони кишвар саҳмгузоранд.

Исмоилзода Зуфар Муртазохон - раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд қайд намуд, ки Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвари худ ифтихор доранд, зеро ҷавонон дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъоланд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.

Сипас, маърӯзачиён дар мавзуъҳои “Муҳофизи Ватан”, “ Мафҳуми Ватан ва ватандӯстӣ”, шеъри Лоиқ Шералӣ “Афсонаи ҷавонӣ” баромад намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон иброз дошт, ки ҷавонони саодатманд, зодагони даврони соҳибистиқлоли кишвари маҳбубамон, пайравони роҳбари бохиради Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз дастгириву ғамхориҳояшон баҳравар буда, пайрави ҳамешагии ин шахсияти беназир дар роҳи созандагиву бунёдкории Ватани биҳиштосоямон -Тоҷикистон то абад боқӣ мемонанд. Насли наврасу ҷавон сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва бунёдкоронаи Пешвои миллатро пайравӣ намуда, дар таҳкими истиқлолият, пойдории сулҳу ваҳдат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва пешрафту тараққиёти давлат арҷ гузошта, бо донишу маърифат, ҷаҳонбинии васеъ ва заковати баланди худшиносию ватанпарастӣ барои ба кишварҳои мутамаддин баробар гардидани Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузоранд.

Дар фарҷоми ҳамоиш ба 30 нафар аъзои навинтихоби КИ ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ба 2 нафар медали ҷашнии ҲХДТ, ба 13 нафар ғолибони озмуни “Лоиқхонӣ” Сипоснома, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ ба 12 нафар идрорпулии КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ва ба 7 нафар волидайни аскарону афсарон барои тарбия намудани фарзанд дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои хизматӣ Раҳматнома дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ба итмом расид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2976
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3053
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:19772
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29874
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:49646
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:81973
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7937994

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?