27 Май 2023
Имрӯз 27.05.2023 дар шаҳри Гулистон ҳашари умумишаҳрӣ ҷиҳати тозаву озода намудани шаҳр баргузор гардид.
Дар ҳашари умумишаҳрӣ кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ташкилоту корхона, муассисаҳои соҳаи маориф, фарҳанг, тандурустӣ, мактаби варзишӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр фаъолона иштирок намуданд.
Ҳифз намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани гирду атроф ба инсонҳо вобастагии комил дошта, қарзи ҳамешагии шаҳрвандии мо мебошад. Бо ин мақсад ҳашарчиён гирду атрофи корхонаву муассисаҳо, мавзеъҳои истироҳатӣ, шафати роҳи асосӣ, гирду атрофи нуқтаҳои савдо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро аз ҳама гуна хасу хошок, баргҳои дарахтон ва партовҳо тоза намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ҳашарҳои дастаҷамъона баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ва ба ин васила таъмини беҳдошти солимии ҷомеа мебошад.
Баргузории ҳашарҳои умумишаҳрӣ ба намуди шаҳри саноативу сайёҳии Гулистон ҳусни дигаре зам менамояд.