03 Июн 2023
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳраки Адрасмон чорабинии тантанвӣ баргузор карда шуд.
Раиси ҷамоати шаҳрак Сарҳад Баротзода кӯдакону наврасонро ба ин муносибат аз номи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода муборакбод намуд.
Таъкид карда шуд, ки рўзи 1-уми июн дар ҷаҳон ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон таҷлил мегардад. Ин санаи муҳим ба мо ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити зарурӣ барои кӯдакону наврасон тамоми чораҳоро андешида истодааст.
Сипас, ба кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Барномаи фарҳангӣ ба чорабинии идона таровати хоса бахшид.