24 Ноябр 2023
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Парчами миллӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар миллат, рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин мебошад. Парчами миллӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Ҳусни ин симо, наҷобати ин симо, мазмуну мароми ин симоро нишон медиҳад.
Сиву як сол аст, ки дар тамоми гўшаи дунё Тоҷикистони соҳибистиқлолро оламиён аз парафшонии Парчами давлатиаш мешиносанд.
Парчам аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат будааст ва ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо кардаанд.
Хушбахтона, ба шарофати истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст».
Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад, ки дар иҷлосияи таърихии ХVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд. Парчами давлатӣ дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ барои мардуми мо муқаддас аст.
Ҳама дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷи он бо афрохтани Парчами давлатӣ муаррифӣ гардида, мардуми хирадманду заҳматқарини кишварамон дурнамои зиндагии худро бо нури ҳаётбахш ва раҳнамоии муқаддасоти миллӣ – Парчами давлатӣ эҳсос менамоянд. Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рўҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.
Дар ҳудуди шаҳр ба ифтихори ҷашни бошукўҳи миллӣ дар доираи чорабиниҳои 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳр майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашни Наврўзи соли 2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, Парчами давлатӣ дар баландии 50 метр афрохта шуд. Ин арҷгузорӣ ба ифтихори яке аз рамзҳои муқаддасамон – Парчами давлатӣ мебошад.
Ҳамагонро бо Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, бароятон хуррамиву осоиши рўзгор, бахту саодат ва сарбаландиву сарфарозӣ орзу карда, таманно дорам, ки Парчами пурҷило ва нурафшони истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Гулистон меҳри Ватанро афзунтар намояд ва ҷивидон дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд.