12 Феврал 2024
Санаи 12-уми феврали соли 2024 бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳисси ватандӯстӣ дар байни хонандагон, таҳкими дӯстӣ, ташвиқоти хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҳарбӣ - варзишии "Ватанпарвар" байни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 1, 2, 12, 13 бо иштироки директори МД "Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон", мушовири ҳарбӣ-варзишии шуъбаи маориф ва сармутахассиси ТҶММ вилояти Суғд ботантана ташкил ва гузаронида шуд.
Озмун тибқи Низомнома аз рӯи 5 шарт гузаронида шуд:
- машқҳои сафороӣ;
- тарбияи ҷисмонӣ;
- омодагии дифои ҳарбӣ;
- мудофиаи гражданӣ ва тайёрии тиббию санитарӣ;
- пешниҳод намудани варақаи ҳарбӣ;
Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун дастаи шаҳраки Адрасмон ғолибият ба даст оварда ба даври вилоятии озмун роҳхат ба даст овард.
Ғолибони озмун бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Маркази таҳсилоти иловагӣ қадршиносӣ шуданд.