18 Феврал 2024
Санаи 16.02.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи Комиссия таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои қаламрави шаҳр таҳти раёсати муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода баргузор гардид. Дар ҷаласкаи мазкур мудири бахши нақлиёт ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Шералӣ Раҳмонов, сардори шуъбачаи бозрасии давлатии автомобилии ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Раҳимзода Ғ.Ғ., нозири калони ШБДА-и шаҳр Эсозода Ҷ.А., раисони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони хатсайрҳои №40, №101, №66, №45 ва дигар шахсони масъул ҳузур доштанд.
Дар ҷалсаи мазкур се масъала рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013, №151 “дар бораи тадбирҳои рушди воситаҳои техникии танзими ҳаракат дар роҳ ва нигоҳубини онҳо”, рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2006, №214 “дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои истифодабарии қитъаҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори Раиси шаҳр “Дар бораи татбиқи Стартегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷаласаро муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода оғоз намуда, рӯзномаи ҷаласаро ба иштирокдорон ироа намуд.
Сипас, сардори шуъбачаи бозрасии давлатии автомобилии ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Раҳимзода Ғ.Ғ. вобаста ба вазъи садаманокӣ дар роҳҳои автомобилгарди шаҳр дар соли 2023 маълумот дод.
Сипас, Шералӣ Раҳмонов мудири бахши нақлиёт ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба масъалаҳои дигари рӯзнома гузориш дод.
Муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода доир ба амалигадонии босамари масаъалаҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.